Ҷамолиддин Абдуллозода дар «Саммити навоварӣ барои саломатӣ» ба таври онлайн иштирок намуд

Ноябрь 18, 2020 09:24

ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар  «Саммити навоварӣ барои саломатӣ», ки таҳти сарпарастии  Раиси Шӯрои  мудирони Муассисаи  Қатар Шайха Муза бинт Носир  зери шиори «Дунёи ягона баҳри сиҳатмандии мо»  тариқи онлайн сурат гирифт, иштирок намуд.

Ҷаласа бо суханронии раиси иҷроияи Шӯрои директорони «Саммити навоварӣ барои саломатӣ», профессор Лорд Дарзӣ ва Шайха Муза бинт Носир оғоз гардида,  дар идома вобаста ба вазъи саломатии одамон  ва хатари  мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар минтақаҳои гуногуни олам филми мустанад намоиш дода шуд.

Сипас, дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус низ дар ин саммит сухан карда,  нигаронии амиқи худро  дар робита ба зуҳур ва паҳншавии  бемории COVID-19 иброз намуд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ  даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва  пешгирии бемории мазкур саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки дар ин саммит беш аз 2 ҳазору 800 нафар намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои олам ва намояндагони созмону ташкилоти хусусии соҳавӣ иштирок намуданд.

Саммити мазкур 15  ноябр оғоз гардида, то 19 ноябр  идома хоҳад ёфт.

Ноябрь 18, 2020 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд