«Амонатбонк» дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай раисӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки бо ташаббуси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ» Федератсияи Россия тариқи онлайн баргузор шуд, масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории байнибонкӣ матраҳ гардиданд. Дар ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати расмии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти роҳбарии раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ намояндагӣ намуд.
Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ҷаласаи XVI Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзои ин созмон санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла харитаи роҳ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемия барои иқтисодиёти давлатҳои аъзои Созмон, равишҳои муштарак оид ба масъалаи истифодаи асъори миллӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида шуданд.
Баъди ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ дар фазои тантанавӣ масъулияти раисӣ дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Раиси Корпоратсияи давлатии рушди «ВЭБ»-и Федератсияи Россия Игор Шувалов ба Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ барои солҳои 2020 ва 2021 супорида шуд.
Сироҷиддин Икромӣ омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳое, ки дар давраи раисии Бонки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои солҳои 2020 ва 2021 пешбинӣ гардидаанд, иброз намуд. Тибқи тартиботи кории СҲШ ҳар як кишвари аъзо аз рӯи тартиби алифбои русӣ ҳар сол роҳбарии Созмонро ба уҳда дорад, ки дар баробари ин сохторҳои соҳавиаш, аз ҷумла бонкҳо дар доираи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ раисӣ менамоянд.








ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






