АЗ ПАЙРАҲАИ МАКТАБӢ – ТО ШОҲРОҲИ СИЁСӢ. Дар арафаи Рӯзи Президент хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи мактабии Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара дидан намуданд

Ноябрь 16, 2020 18:04

ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.   Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОНОВ аз Осорхонаи мактабии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дидан намуданд.  

-Осорхонаҳо чун муассисаҳои маърифативу равшангароӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои  таърихию фарҳангии  халқ саҳми босазо мегузоранд. Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти  мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  соли 2007 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №7-и ноҳияи Данғара ва синфхонае, ки дар он Президенти мамлакат солҳои 60-ум таҳсил намудаанд, бунёд гардидааст. Чаҳор сол пеш ин осорхона  маҳз дар ҳамин рӯз – дар нахустин таҷлил аз  Рӯзи Президент расман ифтитоҳ ёфта буд.

Осорхона  аз даромадгоҳ, толори калон ва синфхона иборат мебошад, ки дар онҳо беш аз 50 адад нигораҳои гуногун ба намоиш гузошта шудаанд, дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оммавии Сарвари давлат нақл мекунанд.  Дар даромадгоҳи осорхона бо аксу мусаввараҳо аз ҷараёни  сафари Пешвои миллат аз  гӯшаву канори гуногуни мамлакат  вохӯрдан мумкин аст.

Дар толори калони  осорхона  тамоми  фаъолияту зиндагиномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи мактабӣ то ба зинаҳои  олии роҳбарӣ  ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар синфхонаи Осорхона шаш адад мизу курсие ба чаши мехуранд, ки  Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсабақонашон тӯли даҳ сол дар паси онҳо нишаста, таълим гирифтаанд. Ҳамчунин дар деворҳо аксҳои ҳамсабақон ва омӯзгорон  овезонанд.

Ҳамчунин дар баробари ҳамаи ашё дафтару қалам, дастхатҳои давраи мактабӣ ва китобҳои дарсие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вақташ аз онҳо  истифода намудаанд,  ҷойгузин гардидаанд.

Тавре медонем, Пешвои миллат фаъолияти меҳнатиро баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ дар Данғара ва омӯзишгоҳи касбию техникиии  (ҳоло литсей) №40-и шаҳри Калинонобод (ҳоло Сарбанд)  дар заводи равғани шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба ҳайси  танзимгар шуруъ намудаанд.

Дар як қисми Осорхона аксу мусаввараҳои Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 1971—1974  ҳангоми адои  хизмати ҳарбӣ дар Флоти уқёнуси Ором, инчунин сарулибоси давраи аскарии Пешвои миллат гузошта шудаанд.

Пас аз хизмати ҳарбӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба совхози ба номи Ленини Данғара баргашта, солҳои 1976 – 1987 ба сифати котиби раёсат ва раиси иттифоқи ксабаи ин хоҷагӣ кор кардаанд.  Соли 1982 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудаанд.  Солҳои 1987-1992 сарварии яке аз хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ — совхози ба номи Лекнини Данғараро бар уҳда доштанд.

Дар осорхонаи Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара гӯшае доир ба фаъолияти Пешвои миллат дар  солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара    ташкил гардидааст.

Дар гӯшаи мазкур мизу курсӣ, ҳуҷҷату муҳр ва тамоми ашёе, ки дар утоқи кории онвақтаинаи Эмомалӣ Раҳмон ҷой доштаанд, ҷамъоварӣ  гардидаанд.

Дар синфхонаи Осорхона шаш адад мизу курсие ба чаши мехуранд, ки  Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсабақонашон тӯли даҳ сол дар паси онҳо нишаста, таълим гирифтаанд. Ҳамчунин дар деворҳо аксҳои ҳамсабақон ва омӯзгорон  овезонанд.

Яке аз бахшҳои осорхона аз  китобҳои Пешвои миллат  фароҳам омадаанд, ки ҳар яки он бозгӯи ормонҳо ва  ҳувияти миллиии тоҷиконанд.

Ноябрь 16, 2020 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид