COVID-19. Дар Тоҷикистон 94,7% гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Ноябрь 22, 2020 20:34

ДУШАНБЕ, 22.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 22 ноябр ба 11894 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир 42 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11271 (94,7%) баробар гардид. Ҳамчунин дар муддати аз 30 апрел то 22 ноябр бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ноябрь 22, 2020 20:34

Хабарҳои дигари ин бахш

COVID-19. Дар Тоҷикистон 78 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар бораи ваксиназанӣ бар зидди сирояти нави коронавирус мо бояд чиро донем?
Наврӯз Ҷафаров: «Ман худро ваксина кардам, шумо низ ваксина гирифта, аз беморӣ эмин монед!»
COVID-19. Дар Тоҷикистон 75 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ 50 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна» равон намуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
COVID-19. Дар Тоҷикистон 84 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
СҶТ БОЗ ТОҶИКИСТОНРО БАРОИ МУБОРИЗАИ МУВАФФАҚОНА БО ТАМОКУКАШӢ СИТОИШ КАРД. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии сигорҳои электронӣ тадбир андешанд
COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид
Дар шаҳру ноҳияҳҳои Тоҷикистон эмгузаронӣ бо истифода аз ваксинаи «Мoderna»-и ИМА оғоз шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 81 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Маводҳои таҳлилӣ