Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 502 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон аллакай зиёда аз 63,07 миллион беморони гирифтори коронавируси нав ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар як шабонарӯз шумораи онҳо беш аз 502 ҳазор афзоиш ёфт.Чунин маълумотро имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ СУТ) интишор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
30 ноябр ба СУТ дар бораи 63.072.457 рӯйдоди сироятёбӣ ва 1.465.181 ҳолати фавт маълумот ворид гардид. Шумораи шахсони сироятёфта то 502,335 нафар, ҷонбохтагон то 7299 нафар зиёд шуд.
Аксари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 13 750 404 нафар. Пас аз он Ҳиндустон (9 432 075), Бразилия (6 314 740), Россия (2 269 316), Франсия (2 218 483), Испания (1 646 192), Британияи Кабир (1 617 327), Италия (1 585 178), Аргентина (1 418 807), Колумбия (1 308 376), Мексика (1 107 071) ва Германия (1 055 607) меоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» шоми дирӯз бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор карда шуд ва шумораи умумии гирифторон ба коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 29 ноябр ба 12155 нафар расид. Дар як шабонарӯз 41 нафар пас аз табобат рухсат шуданд, аз оғози пандемия 11559 нафар ва ё 95,1% -и сироятёфтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Дар айни замон 86 нафар ба асари COVID-19 ҷон бохтаанд.
АКС аз бойгонӣ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






