Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Душанбе аксияи экологӣ-ниҳолшинонӣ доир гардид

Ноябрь 23, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» аксияи экологӣ-ниҳолшинонӣ доир гардид, ки дар он беш аз 250 нафар ҷавонону варзишгарон ва кормандони раёсату муассисаҳои варзишии пойтахт иштирок намуда, зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд.

Тавре мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар  ҳамоиши экологӣ-ниҳолшинонӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар масъулин иштирок намуданд. Пеш аз оғози ин ташаббус иштирокчиён аз иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва амали қобили таҳсину шоиста ва самарабахш будани он ибрози андеша намуданд.

Бояд гуфт, ки ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе яке аз иқдомҳои навбатии Раиси шаҳри Душанбе буда, мақсад аз амалисозии ин ташаббус, пеш аз ҳама, саҳм гузоштани сокинони пойтат дар сабзу хуррамгардонӣ ва шукуфоии пойтахт мебошад.

Иқдоми мазкур то охири мавсими ниҳолшинониву сабзазоркунӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, минбаъд дар дигар ноҳияҳои шаҳр низ амалӣ карда мешавад.

Ноябрь 23, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд