Дар Россия ва Тоҷикистон мехоҳанд кори «фосилавӣ» -ро қонунӣ ва ҷузъиёти онро мушаххас кунанд
ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Думаи Давлатии Россия дар хониши дуюм тағйирот ба Кодекси меҳнатро қабул кард, ки кори фосилавиро танзим мекунад. Ин санад то хониши асосӣ ба таври ҷиддӣ ислоҳ шуда буд. Ва акнун, гуфт яке аз муаллифони лоиҳа, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, ҳуқуқи чунин корманд то ҳадди аксар муҳофизат карда мешавад. Пеш аз ҳама, шахсоне, ки ба таври «фосилавӣ» кор мекунанд, кафолатҳои иловагӣ оид ба пардохти музди кор ба даст меоранд, менависад 25 ноябр.
«Пандемияи сирояти коронавируси нав боиси миқёсан густариш ёфтани кори «фосилавӣ» гардид, — хотиррасон кард Вячеслав Володин ба хабарнигорон дар робита ба қабули лоиҳа. — Ҳамзамон ин ҳолат камбудиҳои қонунгузориро ошкор сохт. Аз ҷумла, дар бахши навъҳои шуғл, муайян кардани вақти корӣ ва вақти истироҳат».
Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун дар бораи кори “фосилавӣ» пешниҳод карда шуд, ки муаллифони он вакилон ва сенаторҳо бо роҳбарии раисони ҳарду палатаи парлумони Россия буданд. Дар сурати қабул шудан, қонун аз 1 январи соли 2021 эътибор пайдо мекунад. Ва барои он ки қонун аз ҳамин сана самаранок кор кунад, қабл аз хониши ниҳоӣ, вакилон қоидаҳои навро бо девони вазирон, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва коршиносон муфассал муҳокима карданд. Ба назар гирифтани фикри ҳама ҷонибҳои манфиатдор муҳим буд, зеро қонуни нав ба миллионҳо шаҳрвандон дахл дорад, таъкид кард раиси палатаи поёнӣ.
«Ба Думаи давлатӣ тақрибан дусад ислоҳ ва қариб сад муроҷиатнома ворид шуд», — иброз намуд Володин. Ва ҳангоми интихоби пешниҳодҳои арзишманд барои коркарди иловагӣ парламент, ба гуфтаи ӯ, ба таҷрибаи амалии кори фосилавӣ, ки аз оғози пандемия пайдо шуд, такя кард. Дар натиҷа 16 ислоҳот дар хониши асосӣ тасдиқ шуд.
Яке аз меъёрҳои асосии лоиҳаи навшудаи қонун — ин ворид намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба пардохти музди меҳнат мебошад. Аз ҷумла, аз ҷониби корманд иҷро шудани вазифаҳояш ба таври фосилавӣ наметавонад асос барои кам кардани музди меҳнати ӯ гардад.
Дар муқоиса бо хониши аввал вакилон худи мафҳуми кори фосилавиро мушаххас карданд. Он се навъ хоҳад буд. Якум, ин кори доимии фосилавӣ. Дуюм, ин шуғли омехта — вақте ки корманд қисман дар идора кор мекунад. Ва намуди сеюм кори муваққатии фосилавӣ мебошад, ки корфармо бо ин ва ё он сабаб кормандро муваққатан ба кори берун аз идора табдил мекунад. Масалан, ин метавонад бо қарори худи корманд сурат бигирад ва ё бо сабаби ба рухсатӣ рафтани корманд ҷиҳати нигоҳубини кӯдак, шарҳ дод ба ҳамкасбон ҳаммуаллифи Володин, муовини якуми роҳбари фраксияи «Единая Россия» Андрей Исаев. Дар ин ҷо як нозукӣ аст ва он маҳдуд сохтани муҳлати ҳадди баланди муваққатан ба кори фосилавӣ табдил намудан мебошад — чунин муҳлат набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Тоҷикистон низ мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ ва ҷузъиёти онро мушаххас намояд. 19 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор гардид ва зимни он вакилон иловаҳоро ба Қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» баррасӣ карданд. Маълум шуд, ки дар ҷаласа тасмим гирифта шудааст, ки ба якчанд қонунҳо тағйирот ворид карда шавад, аз ҷумла маҳфуми “кори фосилавӣ” ворид карда шавад.
Бинобар ин, ба моддаи 1-и Қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» сархати нав илова карда шуд, ки муносиботи вобаста ба татбиқи ҷараёни меҳнатиро берун аз маҳалли корфармо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди кор танзим мекунад.
Илова бар ин, барои такмил додани моддаи 4 қонуни амалкунанда, дар қисми дуюми лоиҳаи қонун сархати нав илова карда шуд.
Мутобиқи тағйиру иловаҳо, кормандоне, ки ба таври фосилавӣ фаъолияти худро иҷро мекунанд, инчунин ба гурӯҳи аҳолии машғул ба кор баробар карда мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки дар оянда фаъолияти меҳнатии онҳоро Кодекси меҳнати Тоҷикистон муайян мекунад.
АКС аз бойгонӣ








5 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. Бахшида ба ин рӯз дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Дар мавзуи «Эъломияи Куруши Кабир – аввалин Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон» конфронс доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф дар Филиппин иштирок намуд
«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
Конференсияи илмӣ-амалӣ ба нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат бахшида шуд
Соҳибкорзанони Тоҷикистон лоиҳаҳои худро дар намоишгоҳи «WomenCup–2025» муаррифӣ намуданд
Масъалаи таҳкими ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи минтақавии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Кабк дар Тоҷикистон «Парандаи соли – 2026» интихоб гардид
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!
Доир ба афзалияти татбиқи манфиатҳои муҳими Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хатлон қариб 2 тонна маводи тиббӣ ва дорувории муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд
Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд






