Дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиби мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони аъзои дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ аз намудҳои варзиши кикбоксинг ва муайтай иштирок намуда, чандин ҷойҳои ифтихорӣ ба даст оварданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
6 нафар варзишгарони навраси динамочӣ дар мусобиқа аз намуди кикбоксинг, ки дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баргузор гардид, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, Фарид Муродов дар вазни 26 кило, Алиҷон Солеҳов дар вазни 33 кило ва Билол Аминов дар вазни 44 кило ҷойҳои аввалро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гаштанд. Ҳамчунин Абдулло Маҷидов дар вазни 27 кило, Юсуф Сафаров дар вазни 30 кило ва Назрихуҷа Сафаров дар вазни 42 кило ҷойҳои дуюми мусобиқаро ишғол намуданд. Дар мусобиқаи мазкур 10 даста бо теъдоди беш аз 120 нафар варзишгарони наврасу ҷавон ширкат доштанд.
Варзишгарони ҷавон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайтай-тай, ки дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, соҳиби се медал гардиданд. Динамочиён Абдуносир Муҳаммадиев дар вазни 51 кило ба ишғоли мақоми аввал мушарраф гашта, Аҳмад Абдураҳмонов дар вазни 35 кило ва Комров Сабзаков дар вазни 54 кило сазовори ҷойҳои дуюм ва медали нуқраи чемпионат гардиданд.
Ин варзишгарони наврас зери роҳбарии мураббии ботаҷрибаи аъзои Шӯрои ҷамъиятии «Динамо» Фазлиддин Шоев тамрин намуда, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои дарпешистода омодагӣ мебинанд.








АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад






