Эркин Раҳмонов, сироятшиноси варзидаи Тоҷикистон: «Агар мавҷи дуюм ҳам ояд, захираҳои мо тайёранд»
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа ба мавҷи дуюми коронавирус омодагӣ мегирад. Гарчанде, ки бо сабаби риоя нашудани чораҳои пешгирикунанда ба мамлакат сенарияи маъюскунанда таҳдид мекунад, низоми тандурустӣ ба он омода аст. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора сироятшиноси варзидаи Тоҷикистон, мудири кафедраи Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ Ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Эркин Раҳмонов 29 октябр зимни мусоҳиба бо хабаргузории «Sputnik» иброз доштааст.
«Агар таҷрибаи Тоҷикистон ва мушоҳидаҳои шахсиямро ба инобат гирем, пас дар тобистон, вақте ки ҳарорати ҳаво 40-45 дараҷа гарм буд, сироятёбӣ зоҳиран коҳиш меёфт. Сипас моҳи сентябр афзоиши назарраси беморӣ сурат гирифт ва аз он замон то инҷониб дар сатҳи муътадил, бидуни хуруҷ боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, эҳтимол мо набояд бо чунин вазъияти ҳузноваре, ки моҳҳои апрел-май рух дода буд, мувоҷеҳ шавем”, — тахмин мекунад Эркин Раҳмонов.
Аммо, ба гуфтаи ӯ, беэътиноӣ нисбат ба қоидаҳои санитарии ҷамъиятӣ ва гигиенаи шахсӣ метавонад боиси такрор шудани ҳодисаҳои моҳи апрел гардад. Ягона чизи таскинбахш ин аст, ки ин ҳолат барои Вазорати тандурустӣ ва низоми тандурустии мамлакат чандон ғайриинтизор нахоҳад буд.
«Агар мавҷи дуюм ба ҳар ҳол биояд, ҳадди ақалл захираҳои мо тайёранд. Мо беморхонаи клиникии сироятии шаҳрии Душанберо бо ДТС -и иловагӣ муҷаҳҳаз намудем, 500 кат дар беморхонаҳо ва 160 кати дигар дар вагончаҳои махсусе, ки аз Ӯзбекистон оварда шудаанд, дар ихтиёр дорем. Аммо умедворам, ки онҳо истифода нахоҳанд шуд, чунки агар шумораи шифоёбандагон 45-50 нафар дар як рӯз боқӣ бимонад — мо метавонем пандемияро нигоҳ дорем”,-мегӯяд Раҳмонов.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 4 августи соли равон зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «Вечёрка» профессор Эркин Раҳмонов чунин гуфта буд: «Фикр мекунам, ки чораҳои пешгирикунандаи дар мамлакати мо гузаронидашуда дуруст буданд. Ба шарофати онҳо, аксари аҳолии мо эминияти дастаҷамъӣ пайдо кардааст, алахусус кӯдакон. 30% кӯдакон, бешубҳа, коронавирусро гузаронидаанд, системаи иммунии онҳо хеле қавӣ аст, онҳо ин бемориро ҳатто ҳис накарданд. Инчунин бисёр одамон низ».
Сироятшиноси варзидаи мамлакат ба ин назар аст, ки агар миқдори ками вирус ба луобпардаи бинӣ ворид шавад, организм метавонад мустақилона онро маҳв ва ҳамзамон дар муқобили он эминӣ пайдо кунад. «Ман фикр мекунам, ки бисёри одамон бидуни нишона вирусро гузаронидаанд. Вақте ки масунияти дастаҷамъӣ ба дараҷаи кофӣ баланд мешавад, шиддати раванди уфунат коҳиш меёбад», — гуфт ӯ.
Онҳое, ки бемориро гузаронидаанд, аллакай ҳофизаи иммунологӣ доранд. Агар пас аз чанд вақт дубора боз бемор шаванд, онро ба осонӣ мегузаронанд, ҳатто агар антителаҳо то он вақт дар вуҷуди онҳо нест ҳам шуда бошанд.
Лаҳзаи дуюм, ба назари профессор Эркин Раҳмонов — ин коҳиши хатар ва марговарии вирус мебошад. Кадом бемории вирусие, ки набошад, поён меёбад. Дар кишвари мо хуруҷи беморӣ барқосо буд. Дар моҳи май ба ҳадди баланди худ расид ва тақрибан як моҳ идома ёфта, пас рӯ ба коҳиш овард. Ҳоло вирус заиф шудааст — коҳиш идома дорад ва муддатҳои тӯлонӣ давом хоҳад ёфт.
Дар ҷавоб ба саволи он ки кай ин ҳама хотима хоҳад ёфт, профессор Эркин Раҳмонов чунин посух дод: «Пас аз 1-2 сол. Худоро шукр, ки авҷи беморӣ дар кишвари мо гузашт. Агар рӯзҳои аввал 200-300 нафар барои кумаки тиббӣ муроҷиат мекарда бошанд, ҳоло чунин миқдор нест — дар як рӯз 15-20 нафар. Ин маънои онро дорад, ки мо аз марзи болоӣ гузаштаем, гарчанде одамон ҳанӯз ҳам муроҷиат мекунанд. Аммо на бо шаклҳои вазнини беморӣ, балки бо шаклҳои сабуки он. Хатарнокӣ ва марговарии он коҳиш ёфта, вирус дигаргун шудааст. Он наметавонад ин қадар дуру дароз зинда бимонад. Тадриҷан эминияти дастаҷамъӣ пайдо мешавад».
Сироятшиноси варзидаи Тоҷикистон инчунин тахмин мекунад, ки ҳолатҳои сироятёбӣ то моҳи декабр ба қайд гирифта хоҳанд шуд. Аммо барои комилан аз вирус халос шудан мо бояд дар охирҳои замистон — оғози баҳор эмгузарониро шурӯъ кунем, пеш аз ҳама, шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои хатарнок шомиланд. Инҳо табибон, шахсони гирифтори бемориҳои шадиди музмин (диабети қанд, фарбеҳӣ, бемориҳои дилу рагҳо) мебошанд. «Ба фикри ман, ваксина, моҳҳои ноябр-декабри соли равон пайдо мешавад. Умедворем, ки Федератсияи Россия моро бо ваксина кумак мекунад. Агар миқдори он кофӣ бошад, пас дигаронро низ эм мекунем. Аммо мо то ҳол намедонем, ки таъсири он чӣ қадар тӯл мекашад”, — чунин андеша дорад ӯ.
Ҳоло, ба фикри Эркин Раҳмонов, ба аҳолӣ зарур аст, ки тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19: пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани фосила, бо собун шустани дастҳо ва истифода бурдани антисептикҳоро риоя намояд.
Тавре АМИТ “Ховар” дирӯз бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ошкор шуд ва шумораи умумии гирифторони коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 1 ноябр ба 11 054 нафар расид. Давоми рӯзи гузашта, пас аз шифоёбӣ 50 нафар рухсат шуданд. То имрӯз дар Тоҷикистон 10283 нафар ё 93,0% -и сироятёфтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Дар айни ҳол, бар асари COVID-19 82 нафар ҷон бохтаанд.
АКС аз бойгонӣ