ФУТБОЛ. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020 гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе дар маҷмааи «Кохи Афсарон»-и пойтахт бо медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020 мукофотонида шуд. Медалҳо ба бозингарон, ситоди мураббиён, кормандон ва роҳбарони даста тақдим карда шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-майор Абдулҳошим Ғуломзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи олии футболи мамлакат Сайвалӣ Шоқурбонов, инчунин афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов дар маросими ҷоизасупорӣ ба Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо барои дастгирии ҳамаҷонибаи «Артишиҳо» изҳори миннатдорӣ карда, футболбозон ва ҳайати мураббиёни дастаи КМВА-ро барои ба даст овардани медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020 табрик гуфта ба даста дар мавсими нави Лигаи олӣ муваффақият таманно намуд.
Тибқи натиҷаҳои омории Чемпионати Тоҷикистон-2020, дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии мутахассиси украинӣ Сергей Житский 18 бозӣ гузаронида, дар 8 вохӯрӣ пирӯзӣ ба даст овард, 5 бозиро мусовӣ карда, дар 5 бозии дигар мағлуб шудааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






