«IRS»: Новобаста аз бориши шадид дар роҳи Душанбе – Чанок ҳаракати нақлиёт таъмин аст

Ноябрь 13, 2020 09:34

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд,  субҳи имрӯз дар қаламрави мамлакат бориши шадиди борон ва дар минтақаҳои баландкӯҳ резиши барф шурӯъ гардид. Дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чанок бориш нисбатан зиёд буда, дар минтақаи Варзоб аз километри 10 то 65 борон, аз 65 то 73 барф борида истодааст. Дар минтақаҳои Зарафшону Суғд аз километри 155 то 210 бориши барф ва дар қисмати боқимонда бориши борон идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо назардошти ҳолати баамаломада кормандони филиали ширкат фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, кӯшиш доранд  ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Дар ин раванд коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш мунтазам амалӣ шуда истодааст. Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол мушкилоти зиёд ба дунбол дошта, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан фаъолият мушкил мешавад.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” низ ба тасвиб расид. Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба фаслҳои тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дорад. То ин замон барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19 820 тонна маводи зиддилағжиш, 69 тонна ангишт, 171000 литр сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд. Илова ба ин, техникаҳои марбут ба филиали ширкат бо чархҳои зимистона таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯст.

Мавҷудияти 210 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд, далели возеҳи он аст, ки ширкат дар иҷрои рисолат хеле фаъол аст.

Ноябрь 13, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид