Кишоварзони ноҳияи Спитамен дурнамои истеҳсоли пахтаро 100,1 фоиз иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд имсол дурнамои истеҳсоли пахта 13100 тонна муқаррар гардида буд. Кишоварзони ноҳия то 9 ноябри соли равон ба хирмани мамлакат 13115 тонна пахта супориданд, ки ба 100,1 дарсади дурнамо баробар мебошад.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Кишоварзони ноҳияи Спитамен соли равон дар майдони 6015 гектар чигит кишт намуданд.
Дар вилояти Суғд тибқи дурнамо истеҳсоли 129 500 тонна пахта дар назар дошта шудааст, ки то имрӯз навоҳии Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Спитамен нақшаро пурра иҷро намуданд.
Дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ҷамъоварии ҳосил идома дорад.








Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид






