Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро 100,3 фоиз иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истеҳсоли 18 ҳазору 250 тонна «тиллои сафед» дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода «муждаи зафар»-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид, ки дар он чунин омадааст:
«Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2020 дар майдони 8400 гектар пунбадона кишт намуда, уҳдадор гардида буданд, ки ба хирмани мамлакат 18 ҳазору 200 тонна пахта супоранд. Деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзӣ аз сидқи дил меҳнат карда, тавонистанд нақшаи пахтасупориро бо сари баланд таъмин намоянд.
Дар натиҷаи меҳнати фидокорона ба деҳқонон муяссар гардид, ки то имрӯз ба хирмани Ватан 18 ҳазору 250 тонна пахта супорида, нақшаро 100,3 дарсад иҷро намоянд».
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Спитамен низ нақшаро пурра иҷро намудаанд.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






