ОЗАРБОЙҶОН, ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН — КИШВАРҲОЕ, КИ ДАР ИДМ АЗ ҲАМА КАМ МАШРУБОТ ИСТЕЪМОЛ МЕКУНАНД. СУТ пешниҳод мекунад, ки дар мубориза бо майзадагӣ аз ин кишварҳо бояд ибрат гирифт

Ноябрь 30, 2020 12:18

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) натиҷаҳои таҳқиқотро оид ба истеъмоли машруботи спиртӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2020 нашр кард. Дар гузориши умумиҷаҳонии ин созмон рақамҳо оид ба 189 кишвари ҷаҳон оварда шудаанд. Дар рейтинг Тоҷикистон ҷойи 130, Ӯзбекистон — 138, Озарбойҷон — 166-ро ишғол мекунанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба “Гузориши ҷаҳонии СУТ дар бораи вазъияти соҳаи спирт ва саломатӣ -2020” хабар медиҳад.

Дар гузоришҳои худ СУТ омори истеъмоли спирти холисро бо ченаки литр дар як сол пешниҳод мекунад ва ин нишондиҳанда барои занон ва мардон ба таври алоҳида ва инчунин барои ҳама якҷоя оварда шудааст. Дар таҳқиқот танҳо шахсони аз 15-сола боло иштирок кардаанд. Ғайр аз ин, СУТ дар бораи ҳиссаи оби ҷав, май ва машруботи қавӣ (зиёда аз 20-25% миқдори спирт) дар байни тамоми  машруботи спиртии истеъмолшаванда маълумот медиҳад.

Чунончи, мутобиқи таҳқиқот, дар раддабандии даҳ кишвари ҷаҳон, ки то соли 2020 аз ҳама бештар машрубот истеъмол мекунанд — Молдова, Литва, Чехия, Германия, Нигерия, Ирландия, Люксембург, Латвия, Булғористон, Руминия ворид шудаанд. Дар раддабандии 10 кишвари ҷаҳон, ки машрубот истеъмол намекунанд — Сомалӣ, Мавритания, Ливия, Кувайт, Бангладеш, Яман, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Сурия ва Покистон қарор доранд.

Шояд назди бисёриҳо савол пайдо шавад ва бипурсанд, ки  — пас кишварҳои фазои пасошӯравӣ дар куҷо мебошанд? Чунки солҳои тӯлонӣ арзёбиҳо ва андешаҳое интишор меёфтанд, ки кишварҳои собиқ ИҶШС дар ҷаҳон кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама зиёд машрубот истеъмол мекунанд. Бале, Молдова, Литва ва Латвия дар қатори раддабандии даҳгонаи аввал қарор доранд, аммо бешак, инҳо кишварҳое нестанд, ки шумо онҳоро дар сархати ин раддабандӣ мебинед. Россия аз Литва ва Латвия чандон дур ҷойгир нест ва бо истеъмоли тақрибан 11,7 литр спирти холис дар як сол ҷойи 16-умро ишғол мекунад. Беларус дар ҷойи 27-ум (11,2 литр спирти холис дар як сол) ва Украина бо истеъмоли 8,6 литр спирт дар як  сол дар ҷои 60-ум мебошанд.

Аз ҷумлаи ҳамаи кишварҳои ИДМ — Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро бояд зикр кард — инҳо дар фазои пасошӯравӣ аз ҳама камтар машрубот истеъмол мекунанд.

Дар гузориш омадааст, ки кишварҳои ИДМ метавонанд суиистеъмоли  машруботро то соли 2025 10 фоиз коҳиш диҳанд. «Кишварҳои ИДМ дар татбиқи чораҳои муайяни сиёсати зидди майхорагӣ, аз ҷумла муқаррар намудани ҳадди ақали арзиши як воҳиди спиртӣ ё манъи пурраи маркетинги маҳсулоти спиртӣ» пешгом мебошанд», — иброз намуд намояндаи СУТ Нино Бердзули.

Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳар сар аҳолии аз синни 15 боло дар як ҳафта зиёда аз ду шиша май рост меояд. Дар ин бора Дафтари Аврупоии СУТ хабар медиҳад ва зикр мекунад, ки давлатҳои пасошӯравӣ дар татбиқи чораҳои иқтисодии самараноки мубориза бо майхорагӣ пешгом мебошанд.

Коршиносон зикр мекунанд, ки кишварҳои ИДМ, хусусан дар Аврупои Шарқӣ, тӯли қарнҳои зиёд бо сатҳи баланди майхорагии аҳолӣ фарқ мекарданд ва ҳоло ҳам бисёр сокинони ин минтақа мисли пештара суистеъмоли машруботро идома медиҳанд. Ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ — Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ҷиҳати ҳалли ин мушкилот бархӯрди ҷиддӣ мекунанд. Аз ҷумла, онҳо андози аксизиро барои машруботи спиртӣ зиёд кардаанд. Тартиби рекламаи машрубот ба низом дароварда шудааст, дастрасии ҷисмонӣ ба нуқтаҳои машруботи спиртӣ маҳдуд карда шудааст, то ин ки хариди «шишаи шароб» сари ҳар қадам ғайриимкон бошад. Чунин стратегия аллакай натиҷа медиҳад. Танҳо дар давраи аз соли 2010 то 2016 истеъмоли машруботи спиртӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақа коҳиш ёфтааст.

«Кишварҳои ИДМ дар татбиқи чораҳои муайяни сиёсати зидди майхорагӣ, аз ҷумла муқаррар намудани ҳадди ақали арзиши як воҳиди спиртӣ ё манъи пурраи маркетинги маҳсулоти спиртӣ пешгом мебошанд», — иброз намуд намояндаи СУТ Нино Бердзули.

Дар баробари ин бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, тавре ки дар СУТ зикр шудааст, қарорҳои камхарҷ татбиқ мекунанд. Стратегияи онҳо захираҳои бузург талаб намекунад, балки, баръакс, боиси пур шудани хазинаи давлат мешавад.

Дар Тоҷикистон солҳо боз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳолиро ба тарзи ҳаёти солим даъват мекунанд. Бо супориши Сарвари давлат, мақомоти Тоҷикистон қатъиян ба решакан сохтани одатҳои бади аҳолии ҷумҳурӣ шурӯъ кардаанд.

Се сол қабл ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ислоҳот ворид карда шуд. Қисми ҷолиби онҳо ба паҳну таблиғи машрубот ва сигор дахл дорад. Истеҳсолкунандагони машрубот ва маҳсулоти тамоку аз ҳуқуқи таблиғи маҳсулоти худ дар ҳама шакл, асосан тавассути телевизион ва радио маҳрум карда шуданд. Ғайр аз ин, ширкатҳои мазкур наметавонанд ба таври ошкоро, бо мақсади худтаблиғкунӣ чорабиниҳои варзишӣ ё иттилоотиро сарпарастӣ кунанд.

Дар ҷумҳурӣ рондани мошин дар ҳолати мастӣ манъ аст ва маҳдудияти ғализии спирт дар хун ҷорӣ карда шудааст. Инчунин дар Тоҷикистон фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар нуқтаҳои хурди савдо ва бозорҳо манъ карда шудааст. Нӯшокиҳои спиртиро танҳо аз нуқтаҳои калони савдо харидорӣ кардан мумкин аст. Дар ҷумҳурӣ, шурӯъ аз соли 2018  андозҳои аксизӣ аз маҳсулоти спиртӣ (бо шумули оби ҷав ва ҳатто оби ҷави бидуни спирт) ва спирти этилӣ зиёд мешаванд.

Ғайр аз ин, истеҳсолкунандагони нӯшокиҳои спиртӣ наметавонанд ягон чорабиниро сарпарастӣ  ва маҳсулоти худро дар он ҷо таблиғ кунанд. Аз соли 2017 дар Тоҷикистон таблиғоти ҳама гуна маҳсулоти спиртӣ манъ карда шудааст.

Коршиносони байналмилалӣ интихоби Ҳукумати Тоҷикистонро, ки барои  саломатии хуби тоҷикистониён аз даромади эҳтимолӣ ба хазинаи давлат даст кашидааст, ҷолиб ва қобили таҳсин мешуморанд. Маҳдуд кардани реклама ҳамеша боиси коҳиш ёфтани вуруди маблағ аз ҳисоби фурӯши машрубот ва тамоку мешавад, ки қисми муҳими буҷаи ҳар давлатро ташкил медиҳад.

27 ноябри соли равон дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 «Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020″ шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар давраи солҳои 2011-2020 дар доираи татбиқи Барномаи миллии таблиғи тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ бисёр тадбирҳои муҳим ва муассир андешида шудаанд. Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд ва барои такомули  механизми пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва атрофиён тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

СУТ кишварҳои дигарро, ки шомили минтақаи аврупоии СУТ мебошанд,  даъват мекунад, ки таҷрибаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ-ро дар самти мубориза бо майхорагӣ фаъолона татбиқ кунанд ва пешниҳод менамояд, ки бо гузориш оид ба натиҷаҳои семинари СУТ, ки 4-5 декабри соли 2019 дар шаҳри Москва баргузор шуда буд, шинос шаванд. Дар гузориш, ки муваффақиятҳо ва мушкилоти татбиқи тадбирҳои вобаста ба нархгузорӣ, маркетинг ва тамғазании нӯшокиҳои спиртӣ ба назар мерасанд, инъикос ёфтаанд. Дар ин санад роҳҳои мубориза бо муомилоти «машруботи ғайри расмӣ», бо шумули, ба истилоҳ, шароби дастӣ тавсиф шудаанд.

Хотиррасон мекунем, ки таҳти сарпарастии Дафтари аврупоии СУТ Нақшаи чорабиниҳо оид ба паст кардани суиистеъмол аз машруботи спиртӣ барои солҳои 2012-2020 низ қабул карда шудааст. Аммо, тавре ки коршиносон зикр мекунанд, дар 30 давлати Аврупо татбиқи он ба коҳиши назарраси ҳолатҳои мастӣ наовардаааст. Дар минтақа бар асари пайомади истеъмоли бидуни меъёри машруботи спиртӣ солона 290 ҳазор нафар мефавтанд. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин дар Норвегия ва Швейтсария ба сари ҳар нафар аҳолии аз 15-сола боло дар як ҳафта зиёда аз ду шиша май рост меояд. Аммо ин нишондоди миёна аст ва агар аз он касоне, ки машрубот истеъмол намекунанд, истисно шаванд, он гоҳ ба як нафар се шиша рост меояд. Ин миқдори машруботи спиртӣ, ба гуфтаи табибон, барои саломатӣ хатарнок аст.

Ба наздикӣ таҳти сарпарастии СУТ барномаи кории СУТ барои солҳои 2020-2025 таҳия шуд, ки аз ҷумла, ҳадафҳои нави мубориза бо суиистеъмоли машруботро муқаррар мекунад. Коршиносони байналмилалӣ умедворанд, ки таҷриба ва дастовардҳои кишварҳои ИДМ дар татбиқи он саҳми муҳим хоҳанд гузошт.

Дар гузориши қаблии СУТ барои соли 2019 гуфта шуда буд, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда оид ба кам кардани истеъмоли машрубот дар Аврупо ҳамасола 290 ҳазор нафар бо сабабҳои вобаста ба машрубот ҷони худро аз даст медиҳанд.

Ба ҳисоби миёна, як аврупоии аз 15-сола боло дар як ҳафта зиёда аз 2 шиша май менӯшад. Аммо дар гузориш омадааст, ки агар мо аз омор касонеро хориҷ кунем, ки умуман наменӯшанд, ин рақам ба 3 шиша мерасад. Мутахассисони СУТ таъкид мекунанд, ки чунин сатҳи истеъмоли машрубот ба саломатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

«Вақте ки машрубот яке аз сабабҳои асосии марги ҷавонон аст, мо наметавонем ором бошем. Ин маҳсулот ошкоро фурӯхта мешавад ва барои ҷавонон дастрас аст, сарфи назар аз зарари исботшудаи машруботи спиртӣ барои рушди мағз ва саломатӣ дар маҷмӯъ», — зикр намуд Карина Феррейра-Боргес аз Дафтари Аврупоии СУТ.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 30, 2020 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ