Роҳбари намояндагии СУТ Бахтигул Карриева: «Таҷриба ва коргузории кормандони муассисаҳои тиббии Суғд дар пешгирии ин беморӣ барои дигар кишварҳо намуна мебошад»

Ноябрь 17, 2020 09:26

 ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева аз тарзи фаъолияти табибони вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки таҷриба ва коргузории кормандони муассисаҳои тиббии ин вилоят  ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, ки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самараддин Ализода ва роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева дар доираи сафари  корӣ ба вилояти Суғд бо  раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуд ва ин матлаб зимни он изҳор гардид. Дар мулоқот перомуни вазъи эпидемиологӣ ва тадбирандешиҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба фаъолияти Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри пешгирии бемории сироятӣ аз тамоми имконият истифода бурда мешавад. Дар вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ зери назорат қарор дошта, ҷиҳати пешгирии беморӣ мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва риояи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифода аз ниқобҳои муҳофизативу маводи антисептикӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, табибону олимони соҳаи тиб ва коршиносон гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  барои сари вақт дастрас намудани таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, вазъро таҳти назорат қарор додааст.

Зимни мулоқот раиси вилоят ҳамзамон барои фиристодани табибони хориҷӣ ба вилояти Суғд ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори сипос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳанд шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия мусоидат менамоянд.

Ноябрь 17, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»