СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст

Ноябрь 18, 2020 17:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 дар ҷаҳон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисонро қатъиян риоя кунанд.

Бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19, шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва афзоиши бекорӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, боғу гулгаштҳо ва баргузории маросиму ҷашнҳо дар ин кишварҳо қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд ва вазъияти карантин эълон карда шуд.

Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард:

  1. Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шавад.
  2. Сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.
  3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаи бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
  4. Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолияти нозирони минтақавии милитсия барои пешгирӣ кардани сирояти нави коронавирус дар маҳалҳо чораҳои иловагӣ андешад.
  5. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ боз ҳам қатъӣ назорат намоянд.
Ноябрь 18, 2020 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»