СУТ: То имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 60 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 60 миллион нафар дар ҷаҳон аз коронавирус сироят ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки онро дар асоси маълумоти мақомоти федералӣ ва маҳаллӣ, инчунин ташкилоти байналмилалӣ омода мекунад.
Тибқи маълумоти СУТ, дар ҷаҳон шумораи сироятёфтагон то соати 10:00 (ба вақти Душанбе) -и 26 ноябр 60 037 735 нафарро ташкил медиҳад, 1 414 513 нафар ҷон бохта ва 38 442 797 нафар шифо ёфтаанд. Шумораи аз ҳама зиёди сироятёбиҳо — 12 642 245 рӯйдод — дар ИМА ошкор шудааст. Аз рӯи шумораи сироятёбӣ (9,222,216) Ҳиндустон дар ҷойи дуюм ва Бразилия, ки дар он ҷо 6 118 708 нафар шаҳрванд сироят ёфтааст, дар ҷойи сеюм мебошанд.
Россия, тибқи маълумоти СУТ, аз рӯи шумораи рӯйдодҳои сабтшуда дар ҷои панҷум қарор дорад. Тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус, дар Федератсияи Россия 2162503 рӯйдоди сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мутобиқи маълумоти СУТ, давоми рӯзи гузашта дар Тоҷикистон 37 рӯйдоди нави сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст ва шумораи умумии гирифторони коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 25 ноябр ба 12 008 нафар расидааст.
Тавре АМИТ «Ховар» дирӯз бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, дар тӯли шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат рухсат шуданд ва то имрӯз дар мамлакат 11395 нафар ё ин ки 94,9% -и сироятёфтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Ҳамзамон дар давраи аз 30 апрел то 25 ноябр 86 нафар аз COVID-19 ҷон бохтаанд.
АКСИ: coronavirus-online.ru








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






