Табибони ноҳияи Тоҷикобод соҳиби бинои Маркази саломатӣ гардиданд

Ноябрь 28, 2020 10:09

ТОҶИКОБОД, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, «Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон», намояндагони муассисаи  Муҳаммад Бин Рашид Оли Мактум дар шаҳри Дубай, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ бинои хуштарҳу замонавии Маркази саломатӣ барои кормандони Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бинои мазкур аз ду ошёна  иборат буда, дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо маблағи 2 млн 300 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти  муосир ҷиҳозонида шудааст. Бино бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта шудааст. Ташкилоти мазкур аз созмонҳои бонуфузи мамлакат буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар бунёди инфрасохтори соҳаҳои мухталиф саҳм мегузорад.

Бунёди бинои нави Маркази саломатӣ мушкилии норасоии  утоқҳои муоинавӣ ва муолиҷавиро бартараф намуд. Дар дохили бино  дастгоҳҳои замонавии ташхису муоинавии пуриқтидор насб карда шуда, дар ду палата катҳои дорои имконияти электронии муоинавӣ мавҷуд мебошанд.

Муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоир Назирзода изҳор дошт, ки бунёди чунин иншоот бо шарофати сиёсати дарҳои боз ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили рушди иқтисоди мамлакат амалӣ мегардад.

Зикр шуд, ки иқдоми мазкур бори аввал набуда, ду сол қабл аз тарафи ин шарикони рушд дар деҳаи Капалии ноҳия бинои хуштарҳи бунгоҳи тиббӣ сохта шуд.  Ин бунгоҳи замонавӣ айни замон дар хизмати  сокинони деҳа қарор дошта, ба онҳо кумаки саривақтии тиббӣ мерасонад.

Ноябрь 28, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

607 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд