Тоҷикистон ва Қатар ҷараёни татбиқи тавофуқҳои ҳосилшударо баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Давҳа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода дар дидор бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурейхӣ паёми хаттии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ перомуни густаришу тақвияти робитаҳои дуҷониба тақдим намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷараёни татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда миёни роҳбарони олии ду кишвар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назар анҷом доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






