Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуданд

Ноябрь 27, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар ҳошияи сафари расмӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот С.Муҳриддин таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, имзои санадҳои нави дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 27, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид»
Сафири Тоҷикистон бо вазири Девони амирии Давлати Кувайт шайх Ҳамад Ҷобир Ал-Алӣ Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Риёз масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин ва Лю Бин маҷмуи васеи масоили равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд
Сафири Тоҷикистон бо сармуҳаррири рӯзномаи «Ар-Раъй»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Лаҳистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд

Маводҳои таҳлилӣ