90 нафар мутахассисони ташкилоти қарзии молиявӣ савияи тахассусашонро баланд бардоштанд

Декабрь 4, 2020 15:27

ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 90 нафар мутахассисони ташкилоти қарзии молиявӣ, назири «Амонатбонк», «Ориёнбонк», «Тавҳидбонк», «Аввалин бонки молиявии хурд», «Бонки Эсхата», «Спитамен Бонк», «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Арванд»,  «Имон Интернешнл», «Ҳумо», «Азизӣ Молия», «Душанбе Сити», «Оксус», «Матин», «Тамвил» савияи тахассуси худро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом /МҚД/МТ/МПСҚО/ зимни машғулияти омӯзишӣ мукаммал гардониданд.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки машғулияти мазкур дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ-методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом /МҚД/МТ/МПСҚО/ созмон дода шуд. Дар он кормандони шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва қариб 90 нафар мутахассисони ташкилоти қарзии молиявӣ иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Валиев зикр кард, ки машғулияти омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассуси кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ доир карда шуд.

Кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон  сохтори барномаи омӯзиширо, ки қисми назариявӣ ва амалиро бо машғулияти соҳавӣ дар бар мегирад, муаррифӣ намуданд.

Ҳамоиши мазкур тибқи Барномаи омӯзишии Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар анҷом ба шунавандагони машғулияти омӯзишӣ шаҳодатнома супорида шуд.

Баргузории чунин машғулияти омӯзишӣ барои баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва беҳтар намудани сифати ҳисоботи пешниҳодшаванда аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ мусоидат менамояд.

Декабрь 4, 2020 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид