Ҷамшед Ҷумъахонзода дар нишасти матбуотӣ бахшида ба Ҳафтаи байналмилалии тиҷорат дар ТАСС иштирок ва суханронӣ менамояд

Декабрь 2, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Ҳафтаи байналмилалии тиҷорат, ки дар Ҷумҳурии Бошқирдистон аз 8 то 11 декабри соли 2020 дар майдони ibw-bashkortostan.com доир мешавад, дар ТАСС нишасти матбуотии онлайнӣ баргузор мегардад. Нишаст соати 11:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар он раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон Андрей Назаров, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба кор бо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Бахтиёр Ҳакимов, котиби иҷроияи Шӯрои тиҷорати СҲШ Сергей Канавский, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода доир ба консепсияи форум, барнома ва дигар чорабиниҳо ибрози андеша мекунанд.

Нишаст ба тарзи онлайн баргузор мешавад. Намояндагони ВАО метавонанд дар нишасти матбуотӣ бо аккредитатсияи қаблӣ фосилавӣ ширкат варзанд.

Пахши барнома дар вебсайти ТАСС дар саҳифаи эълонҳо, инчунин дар гурӯҳи Маркази матбуотии ТАСС дар Facebook дастрас хоҳад буд.

Декабрь 2, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад