Барои 300 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти маблағгузории савдо омӯзиши фосилавӣ гузаронида мешавад

Декабрь 28, 2020 10:21

ДУШАНБЕ, 28.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 300 нафар намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ -мутахассисони соҳаи фурӯши маҳсулоти бонкӣ, маблағгузории савдо, идоракунии хавфҳо, идоракунии муассисаҳои байналмилалии бонкӣ, назорати асъор, қарздиҳӣ ва ҳуқуқӣ зимни як давраи омӯзишии фосилавӣ  донишҳои худро дар самти маблағгузории савдо такмил доданд.

Машғулияти мазкур бо ибтикори  Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ барои кормандони низоми бонкии кишвар дар мавзуи «Хавфҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва афзалиятҳои маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо дар доираи барномаи ҳамгироӣ ва рушди cавдои БАТР» гузаронида шуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода  зикр кард, ки дар доираи ҳамкории дарозмуҳлати Бонки миллии Тоҷикистон бо БАТР барномаҳои муҳим бо мақсади дастгирӣ ва рушди бахши молиявии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешаванд, ки ташкил ва баргузории давраҳои омӯзишӣ барои иштирокдорони бозори молиявии кишвар аз зумраи онҳост. Ташкили васеи омӯзиши фосилавӣ дар доираи барномаи дастгирии маблағгузории савдо як бахши ин барномаи таълимӣ буда, то имрӯз беш аз 500 нафар кормандони ташкилотҳои қарзиро фаро гирифтааст. Моҳбону Накҳатзода афзуд, ки  машғулияти мазкур яке аз ҷузъиётҳои  барномаи «Дастгирии маблағгузории савдо» буда,  дар доираи он фишангҳои кам кардани хавфҳо дар мисоли истифодаи фишангҳои байналмилалии маблағгузории савдо, мутобиқати фишангҳо, пӯшонидани хавфҳо, пешгирии онҳо ва дигар имкониятҳо мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Мавсуф афзуд, ки ин сеюмин даври омӯзишии фосилавӣ буда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявие, ки дар самти маблағгузории савдо фаъолият мекунанд, равона шудааст.

Инчунин роҳбари Намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова иброз дошт, ки давраи омӯзишии фосилавӣ барои рушди имкониятҳои нав дар бозори Тоҷикистон манфиатовар буда, ба васеъ шудани доираи маблағгузории савдо ва рушди иқтисодиёти минбаъдаи кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Муовини роҳбари Барномаи дастгирии молиявии тиҷоратӣ дар кишварҳои аъзои БАТР Камола Маҳмудова малакаю қобилияти кормандони ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистонро махсусан зикр намуда, таъкид дошт, ки донишу таҷрибаи кормандони низоми бонкии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар давлатҳои минтақа ба маротиб беҳтар гардидааст, ки мо шарикони ҳамкорро руҳбаланд сохта, барои барномаҳои нав ҳавасманд месозад. Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ рӯнамоии таълимӣ дар мавзӯи «Хавфҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва афзалиятҳои маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо дар доираи барномаи ҳамгироӣ ва рушди cавдои БАТР» ба атври фосилавӣ манзури шунавандагон гардонида шуд. Дар ду марҳилаи аввали омӯзиши мазкур  700 нафар бо омӯзиш фаро гирифта, тахассусияти худро дар самти маҳсулоти байналмилалии маблағгузории савдо такмил доданд. Намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ баъди хатми давраи омӯзишӣ, соҳиби шаҳодатномаи Палатаи байналмилалии савдо оид ба тиҷорати байналмилалӣ «GoingGlobal» гардиданд.

Декабрь 28, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
«Амонатбонк» ба кишоварзон иқдоми қарзии «Дастгирии деҳқон» пешниҳод намудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4958 то 9.5400 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1215 то 0.1236 сомонӣ муқаррар шудааст