Барои дарёфти беҳтарин лоиҳаи тиҷоратию инноватсионӣ дар соли 2020 миёни ҷавонон озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дарёфти беҳтарин лоиҳаи тиҷоратию инноватсионӣ дар соли 2020 миёни ҷавонон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кард. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои интернет-соҳибкорӣ, соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсолот, соҳибкории иҷтимоӣ, соҳибкории инноватсионӣ ва хизматрасонӣ доир шуда, дар он ҷавонони аз 14 то 30-сола бо лоиҳаҳои худ метавонанд иштирок намоянд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, беҳтарин лоиҳаи тиҷоратии инноватсионӣ барои амалигардонии қадамҳои аввал аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ то 25 январи соли 2021 муайян шуда, хоҳишмандон метавонанд лоиҳаҳои худро тариқи почтаи ozmun.sohibkori-javon@mail.ru иросол кунанд ва ё бо телефонҳои 236-37-26, 901-905-919 дар тамос шаванд.
Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионию тиҷоратӣ миёни ҷавонон ва нафароне, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, эълон гардидааст.








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






