Беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамоянд,-бардошт аз намоишгоҳ дар Душанбе

Декабрь 9, 2020 15:26

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифташуда ва 20 фоизи қаламрави мамлакатро иҳота кардани ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ба рушди сайёҳии экологӣ мусоидат менамоянд.

Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи имконоти сайёҳӣ ва ҳамоиш, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, иброз намуд.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Намоишгоҳи имконоти  сайёҳӣ ва ҳамоиш дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани бозори сайёҳии дохилӣ ташкил карда шуд. Дар он ширкатҳои ватанӣ аз минтақаҳои гуногуни мамлакат захира ва имконияти сайёҳии Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, муаррифӣ намуданд.

Ҳадафи баргузории намоиши иқтидорҳои сайёҳии мамлакат рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби оммаи васеи мардум ба сайру саёҳат ва беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим, огоҳии комил пайдо намудани аҳолӣ аз таъриху фарҳанг ва тавассути ин баланд бардоштани эҳсос худшиносӣ мебошад.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Тавре Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат  зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Тоҷиддин Ҷӯразода афзуд, ки масъалаи рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он яке аз омилҳои муҳими ташаккули сайёҳии байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои қабули сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар маҳалҳо корҳои муайян анҷом ёфта истодаанд. Зикр шуд, ки рушди сайёҳии дохилӣ барои давлати мо мавзӯи бисёр муҳим буда, яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад. Дар тамоми ҷаҳон сайёҳии дохилӣ аз рӯи дараҷаи фарогирӣ нисбат ба сайёҳии байналмилалӣ бартарӣ дорад. Зеро аз рӯи саҳм сайёҳии дохилӣ 75-80 дарсади шумораи умумии сайёҳонро дар ҷаҳон дар бар мегирад. Одатан ҳангоми саёҳат шахс аз надонистани забони маҳаллӣ ва урфу одатҳои онҳо мушкилӣ мекашад. Дар сайёҳии дохилӣ ин мушкил ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф зада, аз одатҳои якдигар бархӯрдоранд.

Омили дигари мусоидаткунандаи сайёҳии дохилӣ-ин дастрасии нархҳост, зеро сафар дар дохили мамлакат нисбат ба кишварҳои хориҷӣ камхарҷтар аст. Ғайр аз ин, сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо кардани сокинон аз имконоти гардишгарии кишвар, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадима ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ бо мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандориро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор ва қавӣ мегардонад. Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ матраҳ гардида, аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни ҳунармандон, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат силсилаозмунҳои ҷумҳуриявиро оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва савғотии беҳтарин ба сайёҳон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон — минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» ва таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ эълон намуда буд. Дар ҷараёни намоишгоҳи сайёҳӣ озмунҳо ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо бо мукофот ва ифтихорномаи  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳадафи озмунҳо ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва намудҳои гуногуни он  дар мамлакат ва татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» мебошад.

Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 9, 2020 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст