БО ТАМҒАИ «ИСТЕҲОЛИ ТОҶИКИСТОН». Корхонаи «Субҳи Ватан» ба Туркия, Германия ва Қазоқистон 87 тонна хушкмева содирот намудааст
ДУШАНБЕ,11.12.2020/АМИТ«Ховар»/. Корхонаҳои соҳа ва соҳибкорони инфиродии мамлакат соли равон ба миқдори 61274,1 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35522,1 ҳазор қуттии шартӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 237,9 фоизро ташкил менамояд. Аз ҷумла, соли равон корхонаи «Субҳи Ватан» беш аз 87 тонна меваи хушк ба маблағи зиёда аз 550 ҳазор сомонӣ ба Туркия, Германия, Қазоқистон, инчунин 207,1 тонна консерва ба маблағи зиёда аз 570 ҳазор сомонӣ ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Украина содирот кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра корхонаҳои консервбарории «Оби Зулол», «Комбинати консервабарории Хуҷанд», «Сирдарё», «Куруши Кабир», «Шарбати мева», «Субҳи Ватан», «З.Ҳасанов» ва «Комбинати хӯроквории Бохтар» пурмаҳсул фаъолият намудаанд. Ширкати «Оби Зулол» ба Қазоқистон 2609 ҳазор литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, наздики 90 ҳазор литр обҳои маъданӣ, 70 ҳазор литр шарбат, ҷамъ ба маблағи 9473,6 ҳазор сомонӣ, ширкати «Кока-Кола- Нӯшокиҳои Тоҷикистон» 5929 ҳазор литр ба маблағи 19027,6 ҳазор сомонӣ ба Қирғизистон ва Қазоқистон ва «ММД» ба Афғонистон 14,8 ҳазор декалитр спирти этилӣ ба маблағи 1938 ҳазор сомонӣ содирот намудаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра, корхонаҳои соҳа ба маблағи беш аз 31 миллиону 760 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот кардаанд.
Мусаллам аст, ки дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ ва таҳкими раванди бунёди корхонаҳои нав бо насби хатҳои муосири технологӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Зеро коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот соҳаи калидии саноати хӯрокворӣ ва яке аз маҳсулотҳои асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад.









Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






