Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 587 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд

Декабрь 16, 2020 14:26

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоте, ки имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) нашр кард, шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон аз марзи 73,81 миллион гузашт ва дар як шабонарӯз беш аз 587 ҳазор афзоиш ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

То соати 10:00 (ба вақти Душанбе) -и 16 декабр СУТ 73 810 169 ҳолати сироятёбӣ ва 1 641 753 ҳолати фавтро сабт намудааст. Шумораи сироятёфтагон то 587 313 нафар ва фавтидагон то 12 640 нафар зиёд шудааст.

Бештар аз ҳама сокинони ИМА ба коронавирус сироят ёфтаанд — 17 143 942. Ҷойҳои баъдиро Ҳиндустон (9 932 908), Бразилия (6 974 258), Россия (2 707 945), Франсия (2 391 447), Британияи Кабир (1 888 116), Италия ( 1.870.576), Испания (1.771.488), Аргентина (1.510.203), Колумбия (1.444.646), Германия (1.378.518) ва Мексика (1.267.202) ишғол менамоянд.

Декабрь 16, 2020 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»