Дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мешавад

Декабрь 28, 2020 09:12

ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бунёд карда мешавад. Ба шарафи ин ҷашни миллӣ   дар ноҳияи мазкур  сохтмони 1282 адад иншооти  тайъиноти  гуногун, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳои мошингузар   ба нақша гирифта шудааст, ки  то имрӯз 1040 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Тавре аз хадамоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои ҷамоат сохта шуда, лоиҳаи он аз тарафи мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» омода гардидааст. Корҳои сохтмониро бунёдкорони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «КММ-44» бар уҳда дошта, дар майдони мазкур  барои истироҳату фароғати сокинон  шароит фароҳам оварда мешавад.

Ҳоло дар ноҳия бунёди иншооти ҷашнӣ идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон барои сари вақт ба истифода супоридани иншооти ба нақша гирифташуда тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Декабрь 28, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад