Дар Душанбе 10-солагии қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Стратегияи фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имконият” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он ҷамъбасти 10-солаи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, дигар сохторҳо ва таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи мазкур барои солҳои 2021-2030 баррасӣ гардид.
Тавре мухбири АМИТ “Ховар” София ШОИК аз ҷараёни конференсия хабар медиҳад, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ҳуҷҷати муҳимест, ки ба ҳалли проблемаҳои дарки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукаммал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой доштани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардида, дар доираи 9 боби таҳияшуда масоили болозикрро бо ҳадафҳои расидан ба мақсадҳо инъикос мекунад”.
Бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити муносиб барои ба таври васеъ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва дар ин замина таъмини рушди устувори ҷомеа мутобиқи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 тасдиқ гардида, Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоҳангсози татбиқи он муайян гардид.
-Таҷлили 10 соли амалишавии Стратегияи мазкур шаҳодати он аст, ки дар заминаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба иштироки фаъолонаи занону бонувон дар раванди рушди иқтисоди миллӣ ба тасвибрасида зина ба зина дар амал татбиқ гардида истодаанд,-афзуд Ҳ. Қурбонзода.
Нуқтаи муҳиме, ки дар Стратегия таваҷҷуҳи махсус ба он равона гардидааст, амалишавии механизмҳои давлатӣ-иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкории мақомот ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо такя ба ташаббускориҳо, худфаъолияткунӣ ва худидоракунии шаҳрвандон-занону мардон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ буда, барои расонидани кумаки назариявӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон оид ба масоили баробарии ҷинсҳо ва масъалаҳои гендерӣ нигаронида шудааст.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ баён дошт, ки “воқеан ҳам нақши занон дар раванди идораи давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле арзишманду муассир буда, аз ин хотир масъалаҳои дастгирии иҷтимоии занон, хусусан бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ зикр кард, ки “имрӯз дар ҷумҳурӣ 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 130 ҳазору 465 нафар омӯзгорон кор мекунанд. Аз ин теъдод 77 ҳазору 407 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Сол то сол шумораи омӯзгорзанон дар соҳаи маориф меафзояд, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ҷомеа дарак медиҳад”.
Дар кори конференсия ҳисоботи 10-солаи вазорату кумитаҳо ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани Стратегияи мазкур шунида шуда, пешниҳодҳо манзур гардиданд.
Бо дарназардошти ба итмом расидани муҳлати амалишавии он бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо нақшаву дурнамоҳои нави ҳаётан муҳим барои занону бонувон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.










Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






