Дар Душанбе имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад

Декабрь 3, 2020 10:52

ДУШАНБЕ, 03.12.2020/ АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Душанбе  оид ба   имконияту захираҳои  сайёҳии Тоҷикистон  баргузории  намоишгоҳ  дар назар дошта шудааст. Дар ин  намоишгоҳ  ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва  ассотсиатсияҳои  хизматрасонии маҳсулоти сайёҳӣ  имкониятҳои сайёҳии мамлакатро муаррифӣ менамоянд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ, ҷалби васеи мардум ба сайру саёҳат, беҳтар намудани тарзи ҳаёти солим тавассути саёҳат, огоҳии комил пайдо кардани аҳолӣ аз таъриху фарҳанг  ва дар заминаи он баланд бардоштани худшиносии миллӣ мебошад.

Ҳамзамон тавсеаи ҳамкории судманд байни  вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ дар самти татбиқи самараноки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  аз ҳадафҳои дигари намоишгоҳи имконияти сайёҳӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ дар радифи имконияти сайёҳии мамлакат, ҳамзамон акси манзараҳои ҷолиби табиати Тоҷикистон ва армуғонҳо, ки маҳсули дастони ҳунармандони тоҷик мебошанд, ба тамошо гузошта шаванд.

Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории ҳамоиш дар назар аст, ки дар он масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон матраҳ хоҳанд гашт.

Декабрь 3, 2020 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз шуд