Дар Хуҷанд бо амалишавии Лоиҳаи грантии низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика сатҳи талафоти барқ аз 18,4% то 9-9,6% паст гардидааст

Декабрь 22, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола  22 декабр  Рӯзи энергетикҳои Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар робита ба ин рӯз ва иди касбии барқчиёни ҷумҳурӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА бо  муовини сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри  Хуҷанд Ҷумъабой ВОҲИДОВ оид ба фаъолият, бурду бохт ва нақшаву омодагии шабакаҳои барқи шаҳр ба фасли сармои имсола ҳамсуҳбат шуд.

Тавре аз суҳбат маълум гардид, шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар тавозуни худ 61 759 нафар муштарӣ доранд, ки аз он 57 973 нафар муштариёни маишӣ, 347 адад корхонаҳои саноатӣ ва ба он баробар кардашуда, 265 адад  ташкилоти буҷавӣ, 3132 адад коргоҳҳои тиҷоратӣ ва 42 адад иншооти обтаъминкунӣ буда, ҳамаи онҳо бо истифода аз неруи барқ фаъолияти пурсамар доранд.

Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба  истиқлоли энергетикӣ  тадбирҳои судманд меандешад. Ин аст, ки фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳр рӯ ба рушд ниҳода, хосатан бо амалишавии лоиҳаҳои грантӣ дар самти хизматрасонӣ ва сарфакории неруи барқ корбарӣ боз ҳам беҳтар шудааст.

Ба гуфти Ҷумъабой Воҳидов, барои кам намудани талафоти нуруи барқ бори аввал дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Лоиҳаи  кам намудани талафоти неруи барқ дар асоси Созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз 8 июни соли 2011, Созишномаи кафолати байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз 10 июни соли 2011, Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо аз  10 июни соли 2011 ва Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз 2 майи соли 2012  ба роҳ монда шуда, низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ ва татбиқ гардид.

Амалишавии лоиҳаи мазкур имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасони шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду навсозӣ гардад. Ҳамзамон 2 адад зеристгоҳи нави барқӣ бунёд ва талафоти неруи барқ пасту шиддатнокии он беҳтар гардад.

Аз ҷумла, дар доираи амалишавии лоти якуми лоиҳа — таҳлил ва насби ҳисобкунакҳои таҷҳизотии системаи биллингӣ дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он аз моҳи июни соли 2015 то моҳи ноябри соли 2017 ба миқдори 62893 адад ҳисобкунакҳои барқии электронии системаи худкори биллинг ва қисман таҷдиди шабақаҳои барқии шаҳрӣ насб шуданд. Инчунин 914 км ноқилҳои худбари изолятсионӣ, 18 км кабели 0,4 кВт, 1103 км ноқилҳои даруни биноҳои баландошёна, 543 адад сутунпоя, олоти тақсимотӣ-воридотӣ, 4199 адад сутунпояҳои оҳану бетонӣ насб карда шуданд, ки ҳоло эътимоднокии таъминоти бемайлони қувваи барқ ба тамоми гурӯҳи истеъмолкунандагон ба маротиб беҳтар шудааст.

-Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд сатҳи талафоти барқ аз 18,4% то 9-9,6% паст гардида, сатҳи ҷамъоварии маблағ 100% иҷро ва ҷамъоварии маблағ тавассути «Низоми ягонаи қабули пардохтҳо»-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»  ба роҳ монда шудааст. Он ба системаи биллингӣ тариқи автоматӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) додугирифти маълумотро амалӣ менамояд, — иброз дошт Ҷ.Воҳидов.

Зикр гардид, ки иқдоми зерин аз ҷониби муштариён низ истиқболи гарм пайдо намуда, имрӯзҳо истифодаю пардохти маблағи барқ оқилонаву мақсаднок амалӣ гардида истодааст.

Вобаста ба омодагии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ба фасли зимистони имсола мавсуф баён дошт, ки дар ин самт дар идораи шабақаҳои барқии шаҳр баҳри корбарии муътадил ва устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021  дар маҷмӯъ 31 банди нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, то имрӯз пурра иҷро гардидааст. Аз ҷумла, дар ин самт корҳои ивазу таъмири кисмҳои эҳтиётӣ дар зеристгоҳҳо, чун тақсимкунакҳои иқтидораш 5600 кВтАм,  инчунин таъмири пурраи трансформаторҳои зеристгоҳҳо, омоданамоии 4 адад трансформаторҳои қуввагии иқтидораш 630 кВт ва баҳри камбор намудани 7 истгоҳи трансформаторӣ тавоноии онҳо зиёд карда шуда, байни якчанд истгоҳҳои трансформатори  ноқили баландшиддати 10 кВт иваз карда шуда, бомпӯшҳои (шиферҳои) 10 истгоҳи трансформаторӣ пурра таъмир гардидаанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки баҳри шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ва мусоидат ба таъмини саросарии сокинони мамлакат бо неруи барқ ва корбарии сарфакоронаву мақсаднок ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар маҳаллаҳои шаҳр тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва раиси шаҳри Хуҷанд ситод таъсис ёфтааст. Ҳамзамон гурӯҳҳои кории тарғиботӣ, иборат аз намояндагони раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва кормандони масъули шабакаҳои барқӣ ташкил гардида, аз ҷумла то имрӯз танҳо аз ҷониби кормандони идораи шабакаҳои барқии Хуҷанд бештар аз 20 вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳо доир карда шуданд.

Зимни мулоқоту суҳбатҳо масъулин аз сокинони маҳаллаҳо даъват ба амал меоранд, ки бояд ҳар оила ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ эътибори ҷиддӣ диҳад. Ҳамагонро зарур аст, ки баҳри кам кардани талафоти неруи барқ аз таҷҳизоти каммасраф бештар истифода бурда, хосатан дар ҳавлиҳои истиқоматӣ аз манбаъҳои дигари гармирасон, ба мисли ангишт низ истифода намоянд. Зеро бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои нави саноатӣ дар миқёси маркази маъмурии Суғд-шаҳри Хуҷанд талабот ба неруи барқ сол аз сол афзуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ саҳм гузоранд, то мардум дар фасли сармо бо барқи доимӣ таъмин бошанд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 таъкид шудааст, ки «итминони комил дорам, ки ояндаи наздик мо ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлоли энергетикӣ ноил мегардем».

“Дар робита ба ин кормандони соҳаи энергетикаи мамлакат, ҳамзамон шаҳри Хуҷанд низ минбаъд аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода мебаранд, то ин мақсади наҷиб ҳарчи тезтар амалӣ гардад. Ва бо ин орзуву омоли неку фараҳбахш ва истифода аз фурсати муносиб ҳамаи кормандони соҳаи барқро, ки ба кори муқаддасу фоиданок-офаридани нуру ҳарорат машғуланд, ба муносибати Рӯзи энергетикҳо  самимона табрик гуфта, дар фаъолият ва зиндагиву рӯзгорашон барору комёбиҳо орзу менамоям”,-гуфт дар интиҳои суҳбат муовини сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд Ҷумъабой Воҳидов.

Декабрь 22, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд