Дар Хуҷанд гурӯҳҳои тарғиботӣ баҳри истифодаи сарфакоронаи неруи барқ фаъол гардидаанд

Декабрь 17, 2020 09:27

ДУШАНБЕ, 17.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз аст, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик», мусоидат намудан ба таъмини саросарии сокинони мамлакат бо неруи барқ ва инчунин корбарии сарфакоронаву мақсаднок ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ дар маҳаллаҳои шаҳр гурӯҳҳои тарғиботӣ фаъолият доранд.

Тавре масъули дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, амали мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардида, гурӯҳҳои корӣ аз намояндагони раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва кормандони масъули шабакаҳои барқӣ иборатанд.

Зимни мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд аз ҷониби масъулин вобаста ба муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи мамлакат аз сокинони ин маҳалла даъват ба амал оварда шуд, ки бояд ҳар оила ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ эътибори ҷиддӣ диҳад. Ҳамагонро зарур аст, ки баҳри кам кардани талафоти неруи барқ аз таҷҳизоти каммасраф истифода баранд.

Директори шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Рустам Пӯлотов баён дошт, ки “чанд соли охир аст, ки  бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳр бо амалишавии лоиҳаҳои грантӣ дар самти сарфакории неруи барқ бештар ба роҳ монда шуда, аз ҷумла бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ гардид.

Амалишавии лоиҳаи мазкур имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасони шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду навсозӣ шуда, 2 адад зеристгоҳи нави барқӣ бунёд, талафоти неруи барқ паст ва шиддатнокии он беҳтар гардад. Иқдоми зерин аз ҷониби муштариён низ истиқболи гарм пайдо намуда, имрӯзҳо истифодаю пардохти маблағи барқ  оқилонаву мақсаднок амалӣ гардида истодааст.

Дар баробари ин мавсуф зикр намуд, ки бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои нави саноатӣ дар миқёси шаҳр талабот ба неруи барқ сол аз сол афзуда истодааст. Аз ин лиҳоз аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ саҳм гузоранд ва дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро бе зарурат истифода набаранд. Хосатан, дар ҳавлиҳои истиқоматӣ аз манбаъҳои дигари гармирасон истифода намоянд.

Декабрь 17, 2020 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид