Дар минтақаи Кӯлоб лимӯпарварӣ рушд меёбад
КӮЛОБ, 06.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Сумая» дар ду садяк замин гармхона бунёд намуда, дар он 25 ниҳоли лимӯ парвариш менамоянд. Лимӯпарварӣ чун бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дар ин ҷамоати деҳот сол аз сол рушд мекунад.
Лимӯпарвариро хоҷагидорон бо истифодаи усулҳои нави аграрӣ пеш бурда, аз деҳконони варзида таҷриба омӯхтаанд. Ниҳолҳои лимӯ пурбор буда, аллакай як қисми ҳосилро дар бозору марказҳои савдо ба фурӯш баровардаанд. Масоҳати умумии гармхонаҳо дар худуди ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб сол аз сол бештар гардида, хусусан дар фасли тирамоҳу зимистон хоҷагидорон дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзӣ лимӯ низ ба бозор ворид менамоянд ва аз фурӯши он фоидаи хуб ба даст меоранд. Бо зиёд шудани хоҷагиҳои лимӯпарвар ва меҳнати аҳлонаи марди деҳқон солҳои охир лимӯ дар бозорҳои сатҳи ҷумҳурӣ фаровон гардида, бо нархи дастрас пешниҳоди аҳолӣ шуда истодааст.
Лимӯпарварони хоҷагии деҳқонии “Сумая” иброз медоранд, ки таҷрибаи андӯхтаи хешро ба дигар сокинони деҳа меомӯзонанд, то лимӯпарварӣ дар гармхонаҳо рушду инкишоф ёбад
Давоми солҳои охир дар якчанд шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон соҳаи лимӯпарварӣ рушд дорад. Кишоварзон бо аз худ намудани нозукиҳои соҳа ниҳолҳои лимӯро дастрас намуда, бо тавсияи мутахассисон парвариш мекунанд ва ҳосили хуб мерӯёнанд.








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






