Дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 600 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида шуд

Декабрь 7, 2020 15:35

ДУШАНБЕ, 7.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Панҷакент бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту идораҳо ва сокинон ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 600 бех ниҳоли сӯзанбарг дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Саразму Чинор шинонида шуд.

Иқдоми мазкур дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида,  ду канори роҳи асосии ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент аз ноҳияи Айнӣ то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ниҳолҳои ҳамешасабз сабзу хуррам гардонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар саросари вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад.

Декабрь 7, 2020 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд