ХЛОПУШКА: ТАДБИРҲОИ МИЛИТСИЯ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН. Дар арафаи Соли нав садои инфиҷори маводи тарфгарӣ боз оромиши сокинонро халалдор намудааст

Декабрь 15, 2020 08:19

ДУШАНБЕ, 15.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар арафаи иди Соли нав сокинон ба мақомоти ҳифзи қонун ва тартибот нисбат ба рафтори наврасон, ки дар маҳалҳои истиқоматӣ ба инфиҷори маводи  тарфгарӣ даст зада, оромии сокинонро халалдор месозанд, арзу шикоятҳо ворид мешаванд. Ва ҳар сол мақомоти марбута  аз боздошти даҳҳо нафар ба иттиҳоми харидуфурӯши маводи тарфгарӣ иттилоъ медиҳанд.Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли  1998 инҷониб фурӯш, харид ва ворид кардани чунин  мавод ба қаламрави мамлакат  манъ карда шудааст.

Тавре 10 декабрАМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров хабар дод, давоми  чанд рӯзи охир милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат зиёда аз 350 000 дона маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира намуд.  Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Мирзоев Абубакр Султонович, Ҷунайдзода Муҳаммади Мирзораҳим, солҳои таваллудашон 2000, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд, ки ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будаанд. Зимни кофтуков аз номбурдагон зиёда аз 17 ҳазор маводи пиротехникӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни як амалиёти дигар шаҳрванд Эргашев Авазбек Икромович, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд, ки номбурда низ ба фурӯши маводи тарфгарӣ машғул будааст. Зимни бурдани корҳои фаврӣ-санҷишӣ аз ӯ зиёда аз 3 500 дона маводи тарфгарӣ бо номи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.

Тавре дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шарҳ доданд, мутаассифона,  бар асоси мушоҳидаҳо баъзе  ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии водидони худ истифода бурда, ба харидану истифодаи маводи пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғуланд. Барои истифодаи воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба волидайни онҳо барои бемасъулиятӣ тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тадбирҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд.

Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш ҷараён дорад.

Хлопушка ва коронавирус

Чанде пеш рӯзномаи Парлумони Тоҷикистон «Садои мардум» чунин хабар нашр намуд: вазири иёлати Раҷастони Ҳиндустон Ашок Гелот изҳор намудааст, ки минбаъд бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавируси  COVID — 19 истифодаи маводи тарфгарӣ (петард, фейерверк) манъ мешавад.

«Ҳукумат қарор дод, ки фурӯш ва истифодаи маводи тарфгариро бо мақсади ҳифозати гирифторони COVID – 19 аз дуди заҳрнок манъ намояд. Зеро ҳифзи саломатии шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон аст», — иброз доштааст Ашок Гелот.

Кормандони соҳаи тандурустии  Ҳиндустон огоҳ намудаанд, ки дар фасли  зимистон, бинобар ифлосшавии ҳаво (бо сабаби истифодаи бештари сӯзишворӣ)  паҳншавии вируси COVID – 19 дубора авҷ мегирад. Духтури  сироятшинос Арвинд Кумар изҳор намудааст, ки ифлосшавии ҳаво сабаби сустшавии масуният ва осебёбии  шуш мегардад. Ин  афрод нисбат ба ашхоси солим бештар осебпазиранд.

Тавре имрӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ дод, Ҳиндустон аз ҷиҳати теъдоди гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон баъди ИМА ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Аз рӯйи маълумоти охирин (то 14 декабр), шумораи гирифторшудагон дар он ҷо ба 9 миллиону 884 ҳазору 716 нафар расидааст!

Дар мамлакати мо соли 1998 ворид ва фурӯши маводи тарфгарӣ манъ гардид, вале  иддае аз тоҷирон бо роҳи қочоқ  маводи зарарнокро ба ҷумҳурӣ ворид карда, оромии муҳитро халалдор ва ҳавои тозаро ифлос месозанд. Ҳангоми «таркидан»-и маводи тарфгарӣ ба  фазо заррачаҳои алюминий, сулфиди сурма, намакҳои қӯрғошим, нитрати барий ва дигар моддаҳои зарарнок паҳн мешаванд. Заррачаҳои алюминий метавонанд ба пӯст осеб расонида, дар организм ҷамъ шаванд ва фаъолияти бофтаҳои асабро халалдор созанд. Намаки қӯрғошим муддати зиёд дар фазо боқӣ монда, ба системаи асаб, гурдаҳо ва меъда зарар мерасонад. Нитрати барий ба роҳҳои нафас зарба мезанад. Оксиди нитроген, озон ва диоксиди сулфур роҳҳои нафасро сӯзонида, боиси заҳролудшавии организм мегарданд.

Мувофиқи маълумоти Ҷамъияти табибони роҳҳои  нафаси Аврупо,  гулоташ (фейерверк)-ҳо дар таркибашон сулфур, марги муш, манган, перхлорати калий ва  нитрати  стронсий дошта, ба саломатӣ зарар доранд. Илова бар ин, дуди салют то ба дурии 50 километр паҳн шуда, ба муҳит таъсири манфӣ мерасонад.

Бинобар ин рӯзномаи «Садои мардум» чунин пешниҳод намудааст: «Хуб мешуд, ки аъзои Ситоди ҷумҳуриявии зидди COVID — 19(Тоҷикистон – тавз. АМИТ «Ховар»)ин масъаларо ба назар гиранд».

 Хлопушка ва масъулияти волидайн

Расо даҳ сол пеш, 14 декабри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда буданд. Ва ин қонун, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат ба вуҷуд омада буд, тобистони соли 2011  қабул гардид ва мавриди амал қарор гирифт.

Қонуни мазкур дар замоне арзи вуҷуд намуд, ки ҷомеаи  мо  ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем.
Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад.

Падару модарон бояд ҳаёт ва кору бори ҳаррӯзаи фарзандони худро зери назорат гиранд, нагузоранд, ки кӯдакону наврасон ба амалҳои ношоиста ва ғайриқонунӣ, аз қабили инфиҷори хлопушка ва дигар маводи тарфгарӣ даст бизананд. Волидайни кӯдакону наврасоне, ки ҳар бегоҳ дар паси тирезаи хонаҳои истиқоматӣ гашта, бо доду фиғон ва садои гӯшхароши хлопушка оромиши сокинонро халалдор месозанд, барҳақ худ ба таълиму тарбия ниёз доранд.

Дар ҷараёни инкишоф кӯдакон аз якчанд зинаи тарбия мегузаранд. “Аммо  оё ҳамаи падару модарон аз усулҳои тарбияи наврасон бархӯрдоранд?, — чунин суол гузоштааст яке аз ҳамкасбони мо. —  Волидайн, ки баъзеашон ҳанӯз ҷавон хонадор шуда, аз таҳсил дур мешаванд, мусаллам аст, ки дар тадбири ин амал оҷиз мемонанд”.

Дуруст навиштааст. Мушкилот дар худи мо, калонсолон аст!

                                                                                             Саид АЛӢ,
                                                                                         АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2020 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ