Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш-фурӯши китоб доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамин лаҳзаҳо дар даромадгоҳи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш – фурӯши китоб ҷараён дорад. Нашриёти «Адиб» дар ин маъракаи фарҳангӣ зиёда аз 250 номгӯй асарҳои бадеиро бо теъдоди зиёда аз 5000 нусха ба намоиш-фурӯш гузоштааст. Намоиш –фурӯши китоб дар ин макон то соати 14:00 идома меёбад. Дар ин бора аз нашриёти мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар иброз дошт, «дӯстдорони китоб аз ин намоиш – фурӯш метавонанд асарҳои писандидаи худро бо нархҳои арзон дастрас намоянд. Аз ҷумла, имрӯз китобҳои тозанашри силсилаи «Ахтарони адаб», ҷилдҳои 43, 44, 45 ва 46, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ, «Чароғи лола»-и Муҳаммад Иқбол, «Шаҳсутун»-и Абдулҳамид Самад, «Дасти дуои модар»,-и Лоиқ Шералӣ, «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?», «Оинаи ломакон», -и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол», «Тарозуи чашм»,-и Давлат Сафар, «Ишқи сархӯр»,-и Кароматулло Мирзо, «Фасли орзуву андеша»,-и Зулфия, «Гулбоғи рубоӣ»,-и Раънои Мубориз «Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон» ва китобҳои устодон Муъмин Қаноат, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир манзури иштирокдорон гардидаанд».
Ҳамчунин иштирокдрон имкон доранд, ки дар китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта, бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин метавонанд доир ба китобҳои тозанашр маълумоти муфассал пайдо намоянд.









Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид






