ИМРӮЗ – РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲОИ ТОҶИКИСТОН. Зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз машғули меҳнатанд, то хонаи мо гарму равшан бошад!

Декабрь 22, 2020 11:51

ДУШАНБЕ, 22.12.2019./АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1936, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабр Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Мусаллам аст, ки дар давраи истиқлолият вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти мардум талабот ба барқ низ сол то сол  меафзояд. Зеро шумораи аҳолии ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳо барпо ва ҳазорон манзили истиқоматии нав бунёд мешаванд, ки ин ҳама ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ эҳтиёҷ доранд. Барои он, ки хонаву кошонаи мо гарму равшан бошад, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи  60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд.

Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ манзури хонандагон мегардад.

Зиндагии  имрӯзаро   бе неруи барқ тасаввур  кардан ғайриимкон аст. Вале оё мо боре андеша кардаем, ки ин неруи олиҷаноби бесадову бебӯву беранг ва ба ҳама дастрас  бо чӣ душвориҳо, бо чӣ заҳматҳо тавлид меёбад ва то ба хонаи мо, то корхонаи мо  интиқол ёфтанаш  кадом масофа ва чӣ монеаҳоро пушти сар менамояд?

Барои он ки ҳар як шахс ва кулли шаҳрвандони мамлакати  мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, барои бунёди неругоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, ки муҳлати истифодаи аксарияташон алаккай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса —  фаъол нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ   маблағҳои калон лозиманд. Ба ғайр аз ин Ширкати «Барқи тоҷик» ҳар сол танҳо барои истифодаи об то 40 миллион сомонӣ андози роялтӣ месупорад.

Бо назардошти ин ҳама, ҳар як муштарӣ агар ҳаққи барқи истифодашударо пардохт насозад,  ҷиҳати  такроран истеҳсол намудани неруи барқ ва таъминоти пурраи ҷумҳурӣ бо барқ душвориҳои ҷиддӣ пеш меоянд ва ҳатто имкони бемаҳдудият бо барқ таъмин намудани  аҳолӣ ва идораю корхонаҳо халалдор мегардад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, азму иродаи матин  ва талошҳои  пайвастаи Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳим ва сифатан нави рушди соҳаи энергетика оғоз ёфт. Зеро энергетика зерсутуни тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ маҳсуб шуда, пешрафти  иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба он вобастагии қавӣ дорад.   Тибқи иттилои масъулини  ШСХК «Барқи Тоҷик», дар давраи истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика бе назардошти НБО «Роғун» ба қадри 1520 МВТ зиёд шуд, ки ин нишондиҳандаи хеле хуб аст.

Тоҷикистон аҳолияшро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар, пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодааст, ки ин дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Месазад, ки дар иди касбии энергетикҳо аз  ҳодисаи муҳими таърихӣ дар Тоҷикистон —  ба кор сар кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки  16 ноябри соли 2018  сурат гирифт ёдовар шавем.

Дар ин рӯзи барои миллати тоҷик таърихӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд.

Сарвари давлат нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе- Роғун» дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми татбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳрвандони  мамлакат  ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта,  ба сохтмончиён, бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур, ки дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон доданд, аз номи тамоми мардуми тоҷик, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо барои бунёди неругоҳҳо сафарбар намуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат амиқан дарк мекарданд, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистон мебошад.

Зикр гардид, ки корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар баробари ба истифода супоридани иншооти навбати аввали неругоҳи «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввал, ки ҳоло мо шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем, то имрӯз дар дигар иншооти асосиву ёрирасони он низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Душанбе — Роғун» ва зеристгоҳи барқии неругоҳ ба истифода дода шуд.

«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нури аввал ва нахустшӯълаи чароғистони бузурги миллатро, ки ба ҳар хонадони ҷумҳурӣ  расид, ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол самимона табрик гуфтанд.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордод ба имзо расонидааст, ки тибқи он барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО «Роғун» 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи баҳои коршиносони байналмилалӣ, ташаббуси Пешвои миллати  Тоҷикистон дар бунёди НБО-и  «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири  давлатдорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназир ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор менамояд.

  Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»: 16 ноябри соли 2018, маросими  кушодашавии агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Декабрь 22, 2020 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст