Марҳилаи дуюми Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» татбиқ мегардад
ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо роҳбари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев марҳилаи дуюми Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» ва Лоиҳаи ҳамкории техникии фавқулодаро таҳти унвони «Омодагӣ ва чораҷўии фаврӣ доир ба пешгирии зарари малах дар Тоҷикистон» ба имзо расонид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Марҳилаи аввали Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Шиндзо Абэ моҳи октябри соли 2015 ба имзо расонида шуда, солҳои 2015-2018 бо иштироки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон татбиқ гардид.
Марҳилаи дуюми лоиҳа солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Туркманистон татбиқ мегардад.
Бо мақсади кумаки иловагӣ аз ҷониби Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Лоиҳаи ҳамкории техникии фавқулода таҳти унвони «Омодагӣ ва чораҷӯии фаврӣ доир ба пешгирии зарари малах дар Тоҷикистон» омода гардидааст. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур тақвияти пойгоҳи моддию техникии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» мебошад.
Бояд гуфт, ки лоиҳаҳои мазкур кумаки бебозгашт буда, аз ҷониби Ҳукумати Япония ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ маблағгузорӣ мегарданд. Бо дарназардошти вазъияти имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба паҳн гардидани пандемияи COVID-19 маблағҳои дар доираи лоиҳаҳо барои мамлакат пешбинигардида ҷиҳати пешгирии хатари паҳншавии малах ва зарари он ба зироати кишоварзӣ мусоидат намуда, ба таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ кумак мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Япония буда, татбиқкунандаи он Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Вазорати кишоварзӣ ҳамшарики татбиқкунандаи лоиҳа мебошад.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






