Маркази ҳамкории Тоҷикистону Россия ба Мактаби президентӣ дар Хоруғ китобҳои дарсӣ ва илмию бадеӣ туҳфа намуд

Декабрь 3, 2020 09:13

ХОРУҒ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Маркази ҳамкории Тоҷикистон ва Россия ба китобхонаи Муассисаи давлатии “Мактаби президентӣ дар  шаҳри Хоруғ” китобҳои дарсӣ ва илмию бадеӣ тақдим кард.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон хабар медиҳад, сардори намояндагии  маркази мазкур Иван Иванов дар мулоқот бо омӯзгорону хонандагон гуфт, ки “мардуми тоҷику рус ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи хос дошта,  аксари оилаҳо дар хонаи худ китобхонаи шахсӣ доранд. Ин иқдом дар шароити кунунӣ барои ҳарду давлат хеле муҳим аст ва ин ҳамкорӣ пас аз сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ва мулоқоташон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Россия  Валентина Матвиенко боз ҳам густариш хоҳад ёфт. Дар ин мулоқот низ масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла афзоиши квота барои донишҷӯёне, ки мақсади таҳсил дар муассисаҳои олию касбии Рооссия доранд, баррасӣ шуд”.

Мавсуф мегӯяд, ки “Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба муассисаҳои олии Россия дар мақоми аввал ва дар ҷаҳон дар ҷои сеюм меистад. Танҳо соли гузашта  630 нафар ҷавонони тоҷик ба таҳсили ройгон дар муассисаҳои олии давлати мо ҷалб шуданд ва ҳоло намояндагони Думаи давлатии Россия масъалаи зиёд  кардани квота барои донишҷӯёни тоҷикро ба баррасӣ гирифтаанд”.

Директори Муассисаи давлатии “Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ” Шодигул Қонунзода ба намояндагии Маркази ҳамкории Тоҷикистон ва Россия изҳори сипос намуда, гуфт, ки “маҳз тавассути мутолиаи китоб халқҳои гуногун аз забон, адабиёт, фарҳанг ва расму суннати ҳамдигар бевосита огоҳ мешаванд ва он холигоҳеро, ки баъзан байни миллатҳо боиси нофаҳмиҳо мегардад, аз байн мебаранд”.

Декабрь 3, 2020 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад