Маркази миллии тестӣ дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд

Декабрь 25, 2020 14:05

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар/. Аз 25 то 29 декабр дар 9 ноҳияи ҷумҳурӣ барои 418 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мақсади он фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳо барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда ба имтиҳонҳои озмоишӣ тибқи  тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ мебошад.

Баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки 36 нафар; ноҳияи Сино бо иштироки 205 нафар; ноҳияи Рашт бо иштироки 102 нафар; ноҳияи Ёвон бо иштироки 10 нафар; ноҳияи Қубодиён бо иштироки 24 нафар; ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо иштироки 6 нафар; ноҳияи Восеъ бо иштироки 10 нафар; ноҳияи Фархор бо иштироки 6 нафар ва ноҳияи Ш. Шоҳин бо иштироки 19 нафар хатмкунанда ба нақша гирифта шудааст.

Умуман ба ин озмоиш аз 12 мактаб-интернат барои ятимон ва бепарасторон, хонаи бачагон ва мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда хатмкунандагон даъват карда мешаванд.

Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:

— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 48 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 76 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 90 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 68 нафар хатмкунанда;

— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 136 нафар хатмкунанда.

Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври худкор (автоматӣ) гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокдор равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ  ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳон аст.

Бояд хотиррасон кард, ки давоми моҳҳои октябр-декабри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Марказ дар 54 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 13 428 нафар хатмкунандаи 601 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

 

Декабрь 25, 2020 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад