Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар Ҷидда Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ ба Дабири кулли Созмони мазкур доктор Юсуф Аҳмад Ал—Усаймин супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтори он баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақвияти фаъолияти муштараки бисёрҷониба дар чорчӯби СҲИ авлавият медиҳад.
Инчунин ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилаӣ ва минтақавӣ, абзорҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир ва роҳандозии талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули назар карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






