ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон меборад

Декабрь 1, 2020 08:07

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво  1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук ва рӯзона  2-7   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа  хунук ва рӯзона  1+6 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водибуда борон меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ низ борон борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳода борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона  11+13 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 1, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад