ҶОНВАРОНРО АЗ САРДӢ МУҲОФИЗАТ МЕКУНЕМ! Бо ин мақсад дар мавзеи Чиларча наздики се тонна дон ва хошок пошида шуд

Декабрь 23, 2020 11:12

ДУШАНБЕ, 23.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Чиларчаи ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.

Ин тадбир бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳо аз фасли зимистон андешида шудааст. Дар ин росто,  аз ҷониби  кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар мавзеи Чиларча 550 кг гандум, 500 кг ҷав, 350 кг биринҷреза, 150 адад бастаи хошок, 30 адад бастаи коҳ, 35 адад бастаи беда, 370 кг резаи гандум, 750 кг сабус, 200 кг намак ва 50 кг  сангнамак пошида шуд.

Тибқи иттилои  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мавзеъҳои мазкур ҳайвонот, ба монанди хуки ёбоӣ, гург, хирс, бабри барфӣ, харгӯш кабк ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.

Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар мавзеъҳои дигари баландкӯҳи Панҷакент низ дар назар дошта шудааст.

Декабрь 23, 2020 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад