Панҷ аломати COVID-19 номбар шуд, дар сурати мавҷудияти онҳо бояд ба духтур фавран муроҷиат намуд

Декабрь 28, 2020 13:28

ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Британия панҷ аломати коронавирусро, ки дар сурати мавҷудияти онҳо бояд ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намуд, номбар кард. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба Daily Express хабар дод.

Дар ин мақола зикр мешавад, ки илова бар нишонаҳои асосӣ-таби баланд, сулфаи тӯлонӣ, ҳис накардани мазза ва бӯй, бояд ба чанд нишонаи дигар — нафастангӣ, дард дар қафаси сина, парешонхотирӣ, хоболудагӣ ва кабуд гаштани лабҳо ва рӯй диққат дод.

«Ҳама нишонаҳои эҳтимолӣ дар ин рӯйхат нестанд»,-ҳушдор медиҳанд табибони бритониёӣ. Онҳо эълон кардаанд, ки дар бораи зуҳуроти дигари ташвишовари ин беморӣ иттилоъ медиҳанд.

Мутахассисон мегӯянд, ки шояд сироятёбии штамми нави вирус 70 фоиз бештар бошад ва хеле зудтар паҳн шавад. Вале, ҳанӯз ҳеҷ асосе вуҷуд надорад, ки мутатсияи нави SARS-CoV-2 марговартар аст.

Пандемияи коронавирус тақрибан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Декабрь 28, 2020 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон