Россия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи гумрукӣ интиқол медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Россия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи гумрукӣ интиқол медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистон 260 ҳазор тонна бензини автомобилӣ, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймо, 30 ҳазор тонна равғани гармидиҳанда, 40 ҳазор тонна битуми нафтӣ, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки соли 2013 Тоҷикистон ва Россия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар самти интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Россия ба Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
Созишнома шароити таъминоти бебоҷи маҳсулоти нафтиро дар ҳаҷми умумии эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистон муайян мекунад. Қариб ҳар сол дар ин созишнома оид ба ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтии Росссия ба бозори Тоҷикистон тағйир ворид карда мешавад.
Тавре Regnum хабар медиҳад, соли оянда Россия ба Қазоқистон 910 ҳазор тонна, ба Арманистон 352,4 ҳазор тонна, ба Абхазистон 86 ҳазор тонна, ба Қирғизистон 1,1 млн. тонна, ба Осетияи Ҷанубӣ 11,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ирсол хоҳад кард.
Дар баробари ин, Арманистон 2,45 миллиард метри мукааб ва Осетияи Ҷанубӣ 41,66 миллион метри мукааб гази табииро бидуни боҷ хоҳанд гирифт.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






