Самариддин Ализода дар ҷаласаи онлайнӣ доир ба варианти нави SARS-CoV-2 иштирок намуд

Декабрь 24, 2020 08:34

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо  доир ба варианти нави SARS-CoV-2 ҷаласаи машваратии онлайнӣ доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур директорони минтақавии СУТ ва намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳо иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи машваратӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода  намояндагӣ намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа иштирокчиён доир ба варианти нави SARS-CoV-2 мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон  муовини сарпизишки тиббии Англия, профессор Ҷонатан Ван-Там ва ҳамкорони ӯ маълумоти охиринро дар бораи   беморӣ ба ҳозирин пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гардониданд.

Декабрь 24, 2020 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад