Саноатикунонӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд гардидани сафи мутахассисони баландпоя мусоидат мекунад,-бардошт аз конфронси илмӣ

Декабрь 2, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 02.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Гузаштан ба шакли саноатӣ-аграрӣ сабаби зиёд гардидани сафи мутахассисони баландпояи саноатӣ гардида, барои боз ҳам баландтар гардидани шароити некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд. Саноатикунонӣ сабаби фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ гардида, бекориро коҳиш медиҳад. Вақте мо корхонаҳои саноатии худро бунёд мекунем, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ аз байн меравад. Ин матлабро муовини ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат оид ба илм ва инноватсия, дотсент Исломбек Хоркашов зимни конфронси илмие, ки дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва тамоюл” баргузор гардид, иброз намуд.

Мавсуф дар идома доир ба муҳимияти баргузории конфронс, саноатикунонии босуръат дар Тоҷикистон, ҳадафҳо ва тамоюл изҳори андеша намуда, дар доираи эълони ҳадафи чоруми миллӣ баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро зарур арзёбӣ намуд.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода муҳимияти эълони ҳадафи чоруми миллиро шарҳ дод. Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи мазкурро ба хотири ба давлати саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон эълон намуданд, ки бешак, ин раванд метавонад ба шуғли пурмаҳсул сабаб гардад ва ба ин васила иқтисодиёти мамлакат, бахусус сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар шавад.

Дар конфронси илмӣ инчунин маърӯзаҳои профессори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуғаффор Рауфӣ, муовини ректори ДДМИТ, дотсент Фирӯз Қодиров, корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Баҳодур Маҳкамов ва муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент Фатҳулло Ҷабборов шунида шуданд.

Маърӯзакунандагон иброз доштанд, ки барои дуруст ба роҳ мондани стратегияи истеҳсолӣ ва содиротӣ, пеш аз ҳама, бояд мутахассисони касбӣ омода карда шаванд. Зеро дар ҷаҳони муосир, ки ҳамарӯза технология рушд мекунад, барои корҳои васлу таъмиркунии таҷҳизоти пешқадами Аврупо талабот ба мутахассисони баландпоя низ зиёд мегардад.

Саноаткунонии иқтисодиёти мамлакат ба рушди деҳот, зисту зиндагии бошандагони он низ таъсири мусбат мерасонад. Дар вақти сохтмони корхонаҳои саноатӣ манбаи ашёи хом, қувваи коргарӣ ва дигар имконият ба назари эътибор гирифта мешаванд.

Ҳадафи чорум бо ҳадафҳои дигари миллӣ, аз ҷумла ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионии мамлакат вобастагии калон дорад. Мавриди зикр аст, ки дар саноаткунонии босуръати мамлакат ҳама, аз ҷумла соҳибкорон, одамони доро, касоне, ки имконияти бунёди корхона ва коргоҳҳо доранд, фаъолона иштирок карда метавонанд. Ҳамаи онҳо аз тарафи давлат ва Ҳукумат дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд.

Иштирокчиён изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои бадастомадаи конфронс дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ ва барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ дар ин самт кумаки амалӣ мерасонанд.

Декабрь 2, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид