Сарварони кишварҳои СААД Эъломия ва Изҳоротро дар бораи ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ қабул карданд

Декабрь 3, 2020 10:30

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ«Ховар»/.   Оид ба натиҷаи ҷаласаи дирӯзаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии (ШАД) СААД, ки дар шакли конфронси видеоӣ сурат гирифт, ду санад — Эъломия ва Изҳорот дар бораи ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ қабул шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Дар Эъломия роҳбарони мамлакатҳои СААД нақши ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ)-ро дар пешгирии хатарҳои эпидемиологӣ таъкид ва таҳкими иқтидори онро ҷонибдорӣ намуданд. Дар пасманзари хислати сартосарии пандемия ва хатари вуқӯи эпидемияҳои нав кишварҳои иштирокчӣ ният доранд, ки табодули таҷрибаро дар соҳаи пешгирӣ, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, омодасозии мутахассисон ва такомули низоми назорат идома диҳанд.

Дар ин санад зикр шудааст, ки СААД масири амиқтар намудани ҳамкориро бо СММ дар самти истифодаи амалии неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СААД  дар амалиёти СММ ҷиҳати нигоҳдории сулҳ идома хоҳад дод. Ҳамзамон СААД бо нигаронӣ зикр  мекунад, ки дар 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ заволи механизмҳои таъмини амният дар ҷаҳон ва афзоиши ташаннуҷ  мушоҳида мешавад.

Мамлакатҳои СААД эълом доштанд, ки такомули иқтидори неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ, гузаронидани машқҳои мунтазами муштарак ва бо намунаҳои аслиҳаи муосир муҷаҳҳаз гардонидани неруҳои дастаҷамъиро минбаъд низ идома медиҳанд. Дар айни ҳол таъкид карда шуд, ки ҳамкории низомӣ дар доираи СААД ба муқобили кишварҳои сеюм равона нашудааст ва ба манфиати таъмини амнияти тазминшудаи кишварҳои узви созмон хидмат мекунад.

Дар эъломия «терроризм дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он» шадидан маҳкум шудааст ва дар бораи «омодагӣ ҷиҳати фаъолтар намудани иқдомоти муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ» сухан меравад. Аз ҷумла, зарурати тақвияти табодули маълумотро дар бораи гашту гузори ҷангиён, ки аз Шарқи Наздик бармегардонанд, таъкид шудааст. Бо мақсади назорати вазъ ва сари вақт ошкор кардани таҳдидҳо имкони таъсиси Маркази иттилоотӣ ва таҳлилии СААД баррасӣ мешавад.

Аъзои созмон «татбиқи муваффақиятомези Стратегияи зидди маводи мухаддири СААД-ро барои солҳои 2015-2020 ва аҳамияти баланди амалии санади стратегии қабулшударо дар кори қатъ намудани қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба минтақаи таҳти масъулияти созмон» зикр карданд. СААД инчунин тадбирҳои иловагиро «барои коҳиши ташаннуҷ дар минтақаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон» амалӣ мекунад.

Илова бар ин, фаъол намудани «ҳамкорӣ дар самти муқовимати муштарак бо таҳдидҳо ва чолишҳо дар фазои иттилоотӣ, аз ҷумла дар доираи амалиёти “Прокси” ба нақша гирифта шудааст.

Дар бораи зарурати ҳамкории глобалӣ

Дар изҳорот дар бораи ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ, пешвоёни мамлакатҳои СААД намояндагони созмон, инчунин аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС), Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати муҳокимаи стратегияҳои амниятии онҳо «ҳамчун қадами нахустин ба сӯи ташаккули фазои тақсимнопазири амният» ба мулоқот даъват карданд.

Тавре ки дар изҳорот омадааст, сарварони мамлакатҳои СААД бо дарназардошти усули «амнияти ҳар кас бо амнияти касони дигар робитаи ногусастанӣ дорад», амал мекунанд.

Дар изҳорот омодагӣ ҷиҳати мусоидат дар таҳкими «системаи глобалии муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва дар навбати аввал Оинномаи СММ, ки таҳти сарпарастии СММ ташкил ёфтааст», таъкид шудааст.

Иштирокчиёни саммит изҳори боварӣ карданд, ки «инсоният имкон дорад ҳифзи сулҳро якҷоя таъмин кунад». «На «бархӯрди тамаддунҳо», балки зарурати ҳамкории ҷаҳонӣ талаботи муайянкунандаи ҷаҳон дар шароити муосир мебошад», — омадааст дар изҳорот.

                                         АКС: скриншоти ИА «»БелТА»

Декабрь 3, 2020 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода