Ширин Амонзода ва Игор Лякин-Фролов масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуданд

Декабрь 2, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемия тавассути хатсайрҳои чартерӣ ба Федератсияи Россия, таъсиси Маркази муштараки омоданамоии  мутахассисони соҳаҳои  мухталифи бозори меҳнат дар Тоҷикистон, таҳияи барномаи муштарак оид ба фаъолият ва буду боши муҳоҷирати меҳнатӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкории пайвастаи мақомоти Федератсияи Россия бо намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои вобаста ба он 1 декабр зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории муштарак ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иброз намуданд, ки муносибатҳои ҳарду давлат дар самтҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва маданию фарҳангӣ густариш ёфта, Тоҷикистон ва Россия шарикони стратегӣ ва боэътимоди ҳамдигар ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, барасмиятдарории буду бош ва иҷозати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, бақайдгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фарзандони онҳо, коркарди низоми ягонаи маълумоти оморӣ оид ба фаъолият ва зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россияро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо вобаста ба таъсиси Маркази омоданамоии мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар бозори меҳнат ва сафарбарнамоии шаҳрвандон барои таъмини  ҷойи кори доимӣ ба Федератсияи Россия ба тавофуқ расида, иброз намуданд, ки масъалаи мазкур барои беҳтар гардидани шароити корӣ ва  таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ воситаи муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Декабрь 2, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад