Ширкати «Далерон Девелопмент Групп» дар МОИ-и «Кўлоб» Парки индустриалӣ-технологӣ бунёд мекунад

Декабрь 14, 2020 12:11

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ширкати «Далерон Девелопмент Групп» (Daleron Development Group) таҳти роҳбарии Умед Шомуров ҳамроҳ бо мудири бахши ҳуқуқи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Раҷабалӣ Раҳимхоҷазода ва муовини якуми Раиси шаҳри Кўлоб Мунаваршо Ташрифзода аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб» дидан намуданд.

Ҳадафи сафари мазкур иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин намудани сокинони шаҳри Кўлоб бо ҷойи кор ва дар ин замина бунёд намудани  корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ,  аз наздик шинос шудан бо имконият ва афзалияти сармоягузорӣ ҷиҳати бунёди Парки индустриалӣ-технологӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб» ба ҳисоб меравад.

Бунёди паркҳои индустриалӣ-технологии замонавӣ бо ташаббуси Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир сурат гирифта, омили мазкур имкон медиҳад, ки ба ин минтақа технологияи замонавӣ ворид гардида,  сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави кор таъмин карда шаванд.

Дар ин раванд аз ҷониби роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” Мустафо Абдуллозода оид ба имконоти сармоягузорӣ, логистикӣ ва афзалияти мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзи андозию гумрукӣ, захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ ва қувваи кории арзон, самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва бартарияти фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодии мазкур иттилооти муфассал пешниҳод гардид.

Дар ин раванд ба меҳмонон якчанд дархостҳои лоиҳавии сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла парки технологӣ барои татбиқи минбаъда дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” пешниҳод гардид.

Зимнан иттилоъ дода шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Кўлоб” навтаъсис буда, дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 таъсис дода шуда, барои татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус саноатикунонии босуръат нигаронида шудааст.

Ҳадафи асосии ташкили минтақаи мазкур таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур вохӯрии меҳмонон бо муовини якуми раиси шаҳри Кўлоб Мунаваршо Ташрифзода ва масъулини марбута баргузор гардида, дар он масъалаҳои сари вақт ҷамъоварӣ намудани маълумоти зарурӣ оид ба нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кўлоб, захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ, қувваи корӣ ва дигар имконоти ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Декабрь 14, 2020 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад